Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад: тибқи маълумотҳои Агентии обуҳавошиносии кишвар то 15 июли соли 2018 (ғайр аз ВМКБ) дар қисми бештари кишвар ҳавои хушку гарм боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво 43 дараҷа гарм боқӣ мемонад.
Дар натиҷаи баландшавии ҳарорати ҳаво ва боқӣ мондани он дар доманакуҳҳо ва баландкуҳҳо обшавии барфҳо ва пиряхҳо шуда, хавфи омадани сел, фаромадани ярч ва сангрезиш ҳамоно баланд мемонад. Инчунин, баландшавии сатҳи оби дарёҳо низ боқӣ мемонад.
Дар ҷануб, ҷанубу ғарби кишвар эҳтимолияти зуҳуроти хатарноки агрометеорологӣ – “хушкшавии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ” дар назар аст.
Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо ботаваҷҷӯҳ бошанд. Диққати махсус ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бояд дод!
Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад барои таъмини бехатарии худ ва атрофиён саъю кӯшиш намоянд!
Дар ҳолати фавқулодда ё ниёз ба кумак, фавран бо телефони 223-13-11 ва ё 112 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намоед!