Дар раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти 6 моҳи фаъолияти мақомоти ҳудудии КҲФ ва воҳидҳои тобеъи он баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа маърӯзаи роҳбарони сохтории Раёсат ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ дар бораи натиҷаҳои иҷрои Нақшаи чорабиниҳо дар нимсолаи аввали соли 2018 шунида шуд ва масъалаҳои нисбатан муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистон, комёбиҳои ба дастомада ва камбудиҳои ошкоршуда дар фаъолияти воҳидҳои ҷудогона баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки фаъолияти асосии Раёсат ба пешгирии ҳодисаҳои фавқулоддаи техногенӣ ва табиӣ, ҳамчунин такмили системаи мудофиаи гражданӣ бо назардошти талаботҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи омодагии мақомоти иҷроия, нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар иҷрои вазифаҳо иборат буд.
Дар ҳисоботи худ роҳбарони шуъбаҳо зикр намуданд, ки кор оид ба ҳимояи нуқтаҳои аҳолинишин ва дигар иншоот аз зуҳуроти хатарноки гидрометеорологӣ ва геологӣ гузаронида шуд ва минбаъд низ гузаронида мешавад.
Дар рафти ҷаласа вазифаҳо барои ислоҳи камбудиҳои роҳдодашуда дар давраи ҳисоботӣ муайян карда шуданд.