Муҳтарам роҳбарону фаъолони вилояти Суғд!
Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтидори саноативу кишоварзӣ бузурги Тоҷикистон буда, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он таъмин шуда истодааст.
Дар зарфи қариб 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар вилоят беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 165 ҳазор ҷойи нишаст ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.
Дар ин давра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ беш аз 750 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.
Дар замони истиқлолият аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ беш аз чор миллиард сомонӣ равона шудааст.
Илова бар ин, дар се соли оянда ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ зиёда аз 3 миллиард сомонӣ ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба маблағи сеюним миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, соли 2017 ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 27 фоизро ташкил кардааст.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 32 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7 фоиз ва дар панҷ моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9 ва 6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тайи солҳои 2017-2018 ба вилояти Суғд ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, асосан ба соҳаҳои саноати коркард, истихроҷи маъдан ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона шудааст. Аммо агар ба ин масъала аз нуқтаи назари талаботи замона баҳо диҳем, нишондиҳандаи мазкур ҳоло ҳам кам аст, ки фаъолияти бештар дар ин самт вазифаи асосии роҳбарияти вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Содироти мол аз вилоят дар зарфи солҳои 2000-2017 аз 109 то 505 миллион доллари амрикоӣ ё қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Аммо ин нишондиҳанда, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.
Қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят дар соли 2017-ум 109 фоиз иҷро шудааст, вале иҷрои нақшаи андоз аз арзиши иловашуда таъмин нагардида, илова бар ин, ҳаҷми бақияпулии андоз то моҳи июни соли ҷорӣ ба 110 миллион сомонӣ расидааст.
Бақияи қарзи андоз бештар ба шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров рост меояд.
Чунин вазъ аз роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда андешидани тадбирҳои иловагиро талаб мекунад.
Илова бар ин, зарур аст, ки барои истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа, пешгирӣ намудани ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо, идораи самараноки амволи давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа пайваста чораҷӯӣ карда шавад.
Дар натиҷаи санҷиши маҷмӯие, ки соли гузашта ва панҷ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва Ҷаббор Расулов гузаронида шудааст, ба маблағи 44 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст.
Ҳамчунин, дар ин давра 756 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки бештари онҳо ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Деваштиҷ рост меоянд.
Ҳоло Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он таъсиси даҳҳо корхонаи нав ва ташкил намудани ҳазорҳо ҷойи нави кор, инчунин, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд, пешбинӣ гардидааст.
Дар барномаи мазкур татбиқи 188 лоиҳа ба маблағи беш аз 11 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, вале то ба имрӯз ба ин самт ҳамагӣ 2 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки ин хеле кам мебошад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд амалӣ кардани корҳои дар барнома пешбинишуда тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Ҳукумати мамлакат тавассути татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва барномаҳои махсуси соҳавӣ масъалаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла сохтмону азнавсозии роҳҳо, таҷдиди низоми энергетикӣ, беҳтар гардонидани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, бо воридоти технологияҳои муосир таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустиро зина ба зина ҳал карда истодааст.
Дар давоми панҷ соли охир дар вилоят татбиқи 21 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзиву, обтаъминкунӣ, обёриву энергетика, нақлиёту хоҷагии коммуналӣ ва дигар бахшҳо идома ёфта, маблағи умумии азхудшуда се миллиард сомониро ташкил намудааст.
Бо дарназардошти он, ки бо оби босифати нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ дар миқёси вилоят яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба шумор меравад, чанд соли охир лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон” дар ду марҳала татбиқ шуда истодааст.
Дар доираи лоиҳаи зикршуда барқарорсозӣ ва азнавсозии шабакаҳои обтаъминкунинии шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Конибодом, Шаҳристон, Зафаробод, Истаравшан ва Панҷакент ба маблағи умумии 380 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Бар замми ин, то имрӯз ду марҳалаи лоиҳаи беҳтар намудани шабакаи обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 150 миллион сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи марҳалаи сеюми он ба маблағи зиёда аз 90 миллион сомонӣ идома дорад.
Инчунин дар вилояти Суғд 16 лоиҳаи кумаки беруна дар самти беҳсозии обтаъминкунӣ ба маблағи 32
миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуда, 8 лоиҳаи дигар ба маблағи 80 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” вазифадоранд, ки бо сифати баланд иҷро гардидани лоиҳаҳои зикршуда, назорати истифодаи самараноки иншооти обрасонӣ ва техникаву таҷҳизотро таъмин намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Солҳои охир дар кишвар, аз он ҷумла дар вилояти Суғд дар самти коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ даҳҳо корхонаи нави муҷаҳҳаз бо технологияҳои замонавӣ ба фаъолият оғоз кардааст.
Рӯзи 24-уми июн мо дар ноҳияи Айнӣ бунёди боз як корхонаи бузурги саноатиро оид ба истихроҷу коркарди сурма ва тилло оғоз бахшидем, ки дар сурати ба кор даромадани он то 1500 нафар сокинони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, иқтидори истеҳсолии Тоҷикистон хеле афзоиш хоҳад ёфт.
Бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд минтақаи озодӣ иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он 13 субъект фаъолият мекунад.
Аз оғози фаъолияти минтақа 61 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, ҳамагӣ 430 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст ва соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу хизматрасонӣ ва амалиёти воридоту содирот 80 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.
Таъкид месозам, ки гарчанде фаъолияти минтақаи мазкур нисбат ба дигар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар беҳтар ба роҳ монда шудааст, вале ҳиссагузории он дар рушди истеҳсолоти саноатӣ, содирот ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Аз ин рӯ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, роҳбарияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои дар фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида, афзоиши ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноатии ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда ва дар маҷмӯъ, фаъолияти самараноки минтақаро таъмин намоянд.
Соли 2017 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 132 фоиз таъмин гардида, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии мамлакат қариб 50 фоизро ташкил додааст.
Ин, албатта, натиҷаи хуб аст.
Лекин шумораи корхонаҳои дар вилоят фаъолияткунанда ва иқтидори истеҳсолии онҳо ҳанӯз ба ҳадафи стратегии саноатикунонии кишвар мувофиқат намекунад.
Бо вуҷуди он, ки соли 2017 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 62 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шудааст, вале шумораи умумии онҳо, ки соли 2016 ба 622 расида буд, ба ҳолати 1-уми июни соли 2018 25 корхона кам гардида, 12,5 фоизи корхонаҳо фаъолият накардаанд ва дар 21 фоизи онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот кам шудааст.
Илова бар ин, 168 корхона фаъолияти худро бо зарари молиявӣ ва 82 корхона бо натиҷаи сифр ҷамъбаст кардааст.
Дар панҷ моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми фондҳои асосии ба кор андохташуда 32 фоиз коҳиш ёфта, истеҳсоли калобаи пахтагин дар вилоят 60 фоиз, консерва 33 фоиз, орд 28 фоиз ва равғани растанӣ 12 фоиз кам шудааст, ки чунин вазъ ташвишовар мебошад.
Бинобар ин, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҷойдошта, барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, бо воридоти технологияҳои муосир бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои иловагии кор чораҳои зарурӣ андешанд.
Вазифаи муҳимтарин дар ин самт аз он иборат аст, ки дар баробари афзун намудани ҳаҷми коркард ва истеҳсол, бояд дар навбати аввал, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, афзоиш додани арзиши иловагии он ва таъсиси ҷойҳои кории пурмаҳсул эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Дар ин раванд, баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти содиротии мо дар бозори хориҷӣ ва истифодаи васеи афзалиятҳои инноватсиониву истеҳсолии кишвар бояд аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ бошанд.
Зеро ин масъала шарти асосии рушд дар ҷаҳони муосир мебошад.
Ҳозирини муҳтарам!
Боиси қаноатмандист, ки соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба истиснои ғалладонагӣ ва картошка афзудааст.
Вазифаи имрӯза аз он иборат аст, ки ҳосили зироатҳои кишоварзиро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ карда, кишти такрории зироатҳо ҳарчи зудтар ба анҷом расонида шавад.
Дар баробари ин, боиси ташвиш аст, ки дар вилоят дар панҷ соли охир қариб 4 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 3700 гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки ин 38 фоизи заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи кишварро ташкил медиҳад.
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову бекорхобида сарчашмаи иловагии афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор мебошад.
Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вазифадор карда мешаванд, ки барои беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобидаву партов тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дар самти таъсиси корхонаву коргоҳҳои коркарди меваи аз лиҳози экологӣ тоза ва бандубасти он бо истифода аз технологияҳои ҳозиразамон, бунёди марказҳои логистикӣ ва сардхонаҳо бо мақсади афзоиш додани содироти чунин маҳсулот чораҷӯӣ карда шавад.
Тибқи маълумоти оморӣ дар вилоят дар панҷ соли охир қариб 10 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд. Аммо дар ин давра содироти меваи тар 25 фоиз ва меваи хушк 65 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 15 корхонаи коркарди мева, аз ҷумла 13 корхона дар шаҳри Исфара фаъолият менамояд.
Ҳаҷми истеҳсоли консерваи меваю сабзавот дар вилоят дар панҷ моҳи соли 2018 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 33 фоиз ва содироти он 8 фоиз кам шудааст.
Истеҳсоли солонаи гӯшт бо вазни зинда ба ҳар як сокини вилояти Суғд 21 килограмм ва шир 100 килограмм рост меояд.
Чунин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон мутаносибан 44 ва 150 килограмм мебошад.
Таъкид менамоям, ки гарчанде истеҳсоли маҳсулоти зикршуда дар вилоят сол ба сол афзуда истодааст, зарур аст, ки коркарди ҳарчи бештари он ба роҳ монда, сатҳи вобастагӣ аз воридоти чунин навъҳои маҳсулот пурра бартараф карда шавад.
Ҳоло дар вилоят ҳамагӣ 6 корхонаи истеҳсоли ҳасиб ва 11 корхонаи коркарди шир, аз ҷумла 7 корхона дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд, ки хеле кам аст.
Чанде пеш ман дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат, инчунин, ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон доир ба ҳалли масъалаҳои ҳалталаби соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ ва захираи хӯроки чорво, хусусан, дар шароити камобиву хушксолӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ супоришҳои қатъӣ додам.
Аз ҷумла роҳбарони мақомоти иҷроияи марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти истифодаи самараноки замин, аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, барқарор намудани заминҳои партов, чарогоҳҳо ва захира намудани хӯроки чорво вазифадор гардиданд.
Тавре ки медонед, имсол дар қисмати ҷануби кишвар хушксолӣ аст. Бинобар ин, мо бояд ҳар рӯзро барои беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил, захираи маҳсулот, аз ҷумла хӯроки чорво ва омодагӣ ба зимистон самаранок истифода кунем.
Супоришҳои додашуда ба роҳбарону мутахассисон ва кишоварзону чорводорони вилояти Суғд низ дахл доранд.
Зарур аст, ки корҳо ҷиҳати амалӣ гардонидани барномаи давлатӣ оид ба беҳтар намудани ҳолат ва истифодабарии самараноки чарогоҳҳо, ташкили объектҳои инфрасохтори чарогоҳҳо, кишти навъҳои серғизои хӯроки чорво ва сари вақт ҷамъоварӣ кардану захира намудани хӯроки ширадор ва хошоки дурушт ҷоннок карда шаванд.
Ҳамчунин, бояд бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ба соҳаҳои чорводориву парандапарварӣ таваҷҷуҳи ҳарчи бештар зоҳир намуда, саршумори чорвои хушзоту сермаҳсул афзоиш дода шавад.
Таъкид менамоям, ки дар давоми соли гузашта ва панҷ моҳи соли ҷорӣ талафи саршумори паранда нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ва панҷ моҳи соли 2017 қариб ду баробар зиёд шудааст, ки ин ташвишовар буда, андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мо мебошад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд доир ба ташкили корхонаҳои коркарди гӯшту шир ва истеҳсоли хӯроки чорвою паранда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Соҳаи кишоварзӣ на танҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ, балки ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар низ мусоидат карда метавонад.
Вақте сухан доир ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар меравад, бояд гуфт, ки бо вуҷуди ба 50 фоиз афзудани ҳиссаи вилоят дар ҳаҷми умумии содироти кишвар, соли 2017 ин нишондиҳандаи мусбат асосан аз ҳисоби содироти маъдан ва консентрат, масолеҳи сохтмон, калобаи пахтагин ва либосворӣ таъмин гардидааст.
Яъне сохтори содирот беҳбудиро тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор бояд аз ҳоло доир ба ҳаллу фасли ин масъала, хусусан, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо арзиши баланди иловашуда ва содироти он чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, таъкид месозам, ки имкониятҳои вилоят дар самти диверсификатсияи содирот ва афзоиши ҳаҷми он ҳанӯз хеле зиёданд ва барои азхудкуниву истифодаи онҳо масъулияти баланд ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарону мутахассисон зарур аст.
Ҳозирини гиромӣ!
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар вилоят фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳамагӣ 15 фоиз ва якҷо бо марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ 20 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар беҳтар аст, вале онро қонеъкунанда ҳисобидан мумкин нест.
Чунки иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар миқёси вилоят ҳамагӣ 12,5 фоиз таъмин гардида, дар ин давра аз 280 муассисаи пешбинишуда 35 муассисаи томактабӣ таъсис дода шудааст.
Илова бар ин, хотиррасон менамоям, ки мо соли 2016 бо мақсади рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2016-2020 таҳия ва тасдиқ намудем, ки санадҳои зикршуда ҳоло мавриди иҷро қарор доранд.
Тибқи нишондиҳандаҳои стратегия ва барномаи мазкур то соли 2020 фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд то 30 фоиз расонида шавад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ ба таваҷҷуҳи ҷиддӣ ниёз дорад.
Тибқи маълумот ҳоло дар вилоят 46 муассисаи таълимии садамавӣ ва 228 муассисаи таъмирталаб мавҷуд буда, хонандагони 5 муассисаи таълимӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ то ба ҳол дар вагонҳо таҳсил мекунанд.
Бинобар ин, бори дигар роҳбарони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор месозам, ки бо ҷалби сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ, сафарбаркунии соҳибкорону шахсони эҳсонкор ва истифодаи нерӯи созандаи аҳли ҷомеа барои ҳарчи зудтар таъмиру азнавсозӣ кардани мактабҳо, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва таъмини шароити мусоиди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ чораҳои фаврӣ андешанд.
Тибқи таҳлилҳо куҳнаву фарсуда шудани баъзе беморхонаҳо ва шабакаҳои гармидиҳии онҳо, норасоии нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва нарасидани мутахассисон аз рӯи як қатор ихтисосҳо мушкилоти соҳаи тандурустии вилоят мебошад ва зарур аст, ки ҳарчи зудтар ҳаллу фасл карда шаванд.
Дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 3 таваллудхона ва 59 шуъбаи таваллудхона дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо мавҷуд аст.
Дар шаҳри Хуҷанд ду ва шаҳри Панҷакент як таваллудхона, ба шаҳрҳои Истаравшан 13 ва Исфара 7, ноҳияҳои Айнӣ 7, Ашт 8, Бобоҷон Ғафуров 6 шуъбаи таваллудхона фаъолият дорад.
Дар шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом, Истиқлол, Бӯстон ва ноҳияҳои Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Деваштич ҳамагӣ як шуъба вуҷуд дорад.
Дар вилоят шумораи занони аз синни 20 то 50 - сола зиёда аз 550 ҳазор нафарро ташкил дода, ба ҳар 10 ҳазор нафари онҳо 1 шуъбаи таваллудхона рост меояд. Илова бар ин, дар вилоят ҳар сол 20-25 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта мешавад.
Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар муддати се соли оянда доир ба бунёди таваллудхонаҳо ва беморхонаҳо бо шуъбаҳои махсус барои таваллуд дар шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти вилоят чораҳои илоавагӣ андешанд.
Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии кишварамон буда, бо мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрор мавриди таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор гирифтааст.
Ҳукумати мамлакат дар доираи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва таъмин намудани рушди инфрасохтори сайёҳӣ як қатор имтиёзҳоро муқаррар намуд, ки бо истифода аз онҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 40 ширкати нав ба бозори сайёҳии мамлакат ворид гардид.
Ҳоло шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар ба 120 расидааст, ки аз ин ҳисоб дар вилоят 24 ширкат фаъолият дорад.
Доир ба зарурати ташкили инфрасохтори муосири сайёҳӣ, рушди сайёҳии таърихиву фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ман дар суханрониҳои худ дар шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Шаҳристон таъкид намудам.
Чунин мавзеъҳо дар ҳудуди вилоят хеле зиёданд ва танҳо роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бояд дар ин самт чораҳои амалӣ андешанд.
Шумораи сайёҳони хориҷие, ки танҳо дар панҷ моҳи соли равон ба кишвари мо омадаанд, ба зиёда аз 900 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб чор баробар зиёд мебошад. Аз ин шумора беш аз 600 ҳазор нафари онҳо тавассути вилояти Суғд ба кишвар ворид шудаанд.
Бо вуҷуди торафт афзудани шумораи сайёҳон тадбирҳои дар ин самт андешидашуда ҳанӯз кофӣ нестанд.
Чунончи, то ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бӯстон, Шаҳристон, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров, ки дорои захираҳои бойи сайёҳӣ мебошанд, ягон ширкати сайёҳӣ фаъолият намекунад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷиҳати ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, омода намудани мутахассисони забондон ва ба талаботи замона ҷавобгӯйи соҳа тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки бо дарназардошти барои сайёҳон торафт ҷолиб гардидани минтақаи Осиёи Марказӣ, беҳтар шудани низоми раводид ва шароити рафтуомад дар ин минтақа ҷиҳати таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон чораҷӯӣ намоянд.
Махсусан, ба рушди сайёҳии дохилӣ низ аҳаммияти калон додан зарур аст.
Илова бар ин, бунёди меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ дар шафати роҳҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим буда, метавонанд ҳазорҳо нафар аҳолии кишварро, махсусан, дар деҳот бо шуғл таъмин намоянд.
Тавре ки дар суханронии худ дар шаҳри Истаравшан иброз намудам, танҳо дар ҳудуди Қалъаи Муғ барои зиёда аз сесад нафар ҳунармандон ҷойи кор муҳайё кардан мумкин аст.
Мақсади мо аз эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ, дар навбати аввал, аз ҳамин иборат буд.
Дар робита ба ин, боз як масъалаи муҳимро хотирнишон месозам.
Муаррифии фарҳангу одоби миллӣ ба меҳмонону сайёҳон аз дарвозаҳои кишвар, яъне гузаргоҳҳои сарҳадиву гумрукӣ оғоз мешавад.
Кормандони гумрук, сардорону масъулони гузаргоҳҳои сарҳадӣ ин нуктаро набояд ҳаргиз фаромӯш кунанд.
Онҳо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки намояндаи миллати соҳибмаърифату тамаддунсози тоҷик мебошанд.
Тавре медонед, ба шарофати маҷмӯи санадҳое, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расиданд, дар муносибатҳои ду халқи бародар, яъне тоҷикон ва ӯзбекҳо саҳифаи нави таърихӣ оғоз гардид.
Аслан робитаҳои гуногунҷанбаи байни тоҷикону ӯзбекҳо дар заминаи таҷриба ва муносибатҳои дарозмуддате, ки дар масири таърих ба миён омадаанд, асос ёфтаанд.
Айни замон ба туфайли иродаи роҳбарияти ду давлати ба ҳам дӯст дар таърихи ҳамкориҳои мо марҳалаи нав оғоз гардидааст, ки манфиатҳои ду халқи бародарро ифода мекунад.
Мо бояд дар оянда барои халқҳоямон фазои боз ҳам мусоиди дӯстиву самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкории васеъро фароҳам оварем.
Ҳоло ҳар ду ҷониб барои расидан ба сатҳи сифатан нави ҳамкориҳо, яъне шарикии стратегӣ кӯшишҳои муштаракро анҷом дода истодаанд.
Яке аз қадамҳои аввалини ҷиддӣ дар ин самт бартараф намудани ҳамаи монеаҳое буд, ки тӯли ду даҳсолаи охир ба таври сунъӣ пайдо шуда буданд.
Итминон дорам, ки мо бо азму талоши муштарак ба ояндаи неку пурсамари робитаҳои дӯстонаамон, рушди кишварҳоямон ва ҷиҳати боз ҳам наздик сохтани халқҳоямон дар заминаи арзишҳои созанда муваффақ мегардем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд бо кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон сарҳади тӯлонӣ дорад ва таҳкими робитаҳо бо ҳамсояи наздиктаринамон, пеш аз ҳама, ба манфиати сокинони вилоят мебошад.
Ҳоло гузаргоҳҳои сарҳадӣ кушода шуда, садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои мо озодона ба дидорбинии хешу ақрабо ва ёру дӯстони худ ё барои меҳмониву саёҳат рафтуомад доранд.
Соҳибкорону тоҷирон низ бояд аз ин имконияти фароҳамшуда васеъ истифода бурда, робитаҳои байниҳамдигариро таҳким бахшанд, аз таҷрибаи ҳамдигар омӯзанд ва онро барои пешрафти фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба кор баранд.
Дар ҷараёни сафари ҷавобии мо ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон намоиши маҳсулоти саноатии истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои саноатӣ супориш дода мешавад, ки ба чорабинии зикршуда аз имрӯз сар карда, ҳамаҷониба ва ҷиддӣ омодагӣ бинанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз ҷаҳон дар вазъияти ниҳоят ноорому печида қарор дорад.
Терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам рӯз ба рӯз доман густурда, боиси ба ҳалокат расидани хазорон нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани миллионҳо одамони бегуноҳ гардидааст.
Дар чунин шароити мураккаб ба роҳ мондани корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ бо мардум, алалхусус, дар байни ҷавонон ниҳоят муҳим мебошад ва дар ин ҷода дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли маориф, зиёиён, ходимони дин ва ҳар фарди солимфикри ҷомеа масъулият доранд.
Вале тавре ки аз маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бармеояд, дар ҳудуди вилоят тайи як солу панҷ моҳи охир қариб 8700 ҷиноят, аз ҷумла 500 ҷинояти хусусияти эстремистиву террористидошта ошкор карда шудааст, ки назар ба солҳои қаблӣ хеле зиёд мебошад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ 275 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, 715 нафар, ки чунин ҷиноят содир кардаанд, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара 154 нафар, Истаравшан 134, Ашт 83, Спитамен 57, Хуҷанд 48, Панҷакент 46, Бобоҷон Ғафуров 39, Ҷаббор Расулов 27, Конибодом 26, Мастчоҳ 22, Зафаробод 20, Бӯстон 15, Истиқлол 13 ва Деваштич 9 нафар мебошанд.
Вазъи зикршуда бисёр ташвишовар буда, онҳое, ки ба чунин кирдорҳои нангин даст мезананд, номи неки миллати тоҷик, аз ҷумла мардуми соҳибмаърифати вилояти Суғдро доғдор месозанд.
То имрӯз аз 715 нафар ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, 687 нафарашон ба Ватан баргардонида шудаанд.
Ҳанӯз 81 нафар сокинони вилоят дар хориҷи кишвар қарор доранд.
Аз ҷумла, аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 17 нафар, Хуҷанд 13, Ашт 10, Исфара 9, Конибодом 9, Панҷакент 7, Мастчоҳ 7, Бобоҷон Ғафуров 4 ва Кӯҳистони Мастчоҳ 2 нафар мебошанд.
Бинобар ин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва фаъолонро зарур аст, ки ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шахсоне, ки дар муассисаҳои таълими ба ном динӣ ғайриқонунӣ таҳсил менамоянд ё дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо иштирок мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.
Дар ин маврид аз имтиёзҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки ихтиёран аз иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо даст кашидаанд, васеъ истифода бурда шавад.
Гарчанде солҳои охир дар қаламрави вилоят сатҳи умумии содиршавии ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо тамоюли пастравӣ дорад, вале содиршавии як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, дуздиву ғоратгарӣ, қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи воситаҳои нашъаовар афзоиш ёфта истодаанд.
Содиршавии ҷинояти махсусан вазнин, яъне куштор дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров 20, Истаравшан 17, Конибодом 12, Ҳуҷанд –10, Исфара 9, Панҷакент 7, Ҷаббор Расулов 6, Ашт 8, Спитамен 7 ва Деваштич 6 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Дар зарфи се солу панҷ моҳи охир 267 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб як тонна маводи нашъаовар мусодира гардидааст.
Кормандони мақомоти марбута вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои бо маводи мухаддир алоқаманд боз ҳам тақвият бахшанд.
Дар ин давра аз тарафи 464 нафар ноболиғон содиркунии қариб 1500 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 390 ҳолати онро авбошӣ ва дуздӣ ташкил медиҳад.
Тибқи таҳлилҳо ҳолати истифодабарии замин дар ҳудуди вилоят то ҳанӯз ташвишовар боқӣ монда, дар ин самт қонунвайронкуниҳои зиёд, ба монанди ҳолатҳои ишғоли худсарона ё ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин, бе баррасӣ мондани муроҷиатҳо вобаста ба ин масъала, инчунин, пешгирӣ накардани ҳолатҳои аз гардиши кишоварзӣ берун мондан ё истифодаи ғайримақсадноки замин ба қайд гирифта шудаанд.
Танҳо дар соли 2017 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ 427 ҷинояти вобаста ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин, фурӯш ва сохтмони ғайриқонунӣ дар он ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 48, Истаравшан 44, Хуҷанд 40, Бобоҷон Ғафуров 39, Спитамен 35, Деваштич 33, Панҷакент 21, Исфара 19, Шаҳристон 17 ва Конибодом 16 ҳолат ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳол он, ки дар замони истиқлолият бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат ба аҳолии эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои вилоят 38 ҳазор гектар замин тақсим карда дода шудааст, ки дар натиҷа беш аз ду миллион нафар одамон, яъне аҳолии қариб як вилоят шароити манзили худро беҳтар кардаанд.
Аз ин рӯ, бори дигар ба сохтору мақомоти дахлдор, махсусан, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо хотирнишон месозам, ки ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд ва барои пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Таҳлили риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим нишон медиҳад, ки дар ин самт низ қонуншиканиҳои зиёд ба қайд гирифта шудаанд.
Тайи се солу панҷ моҳи охир 658 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 388 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Қонунвайронкуниҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва Панҷакент бештар ошкор гардидаанд.
Вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ қонеъкунанда нест. Барои аз тарафи падару модарон ва омӯзгорон иҷро нагардидани уҳдадориҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон зиёда аз 3700 парвандаи маъмурӣ ва барои монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ нисбат ба падару модарон 59 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, шахсони гунаҳгор бо ҳукми суд маҳкум карда шудаанд.
Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст, паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам (СПИД) мебошад.
Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1100 нафар гирифторони бемории нашъамандӣ ба қайди махсус гирифта шудаанд, ки шумораи бештари онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 347 нафар, Панҷакент 205, Истаравшан 109, Исфара 96 ва Бобоҷон Ғафуров 90 нафар мебошанд.
Қариб 1000 нафар шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ одамони синну соли қобили меҳнат, яъне аз 35 то 59 - солаанд.
Фикр мекунам, ки дар вазъи зикршуда, аз ҷумла доир ба риояи қонунияту тартибот ягон шахси солимфикр - аз роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то раисони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, падару модарон, зиёиён ва аҳли маориф набояд бетараф бошанд.
Ҳадафи мо аз фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, бунёди толору майдонҳои варзишӣ ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пеш аз ҳама, гирифтани пеши роҳи қонуншиканӣ, нашъамандӣ, дигар амалҳои номатлуб, яъне таъмини волоияти қонун мебошад.
Итминон дорам, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои рафъи камбудиву мушкилоти зикргардида ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои боз ҳам беҳтари рушд, инчунин, ба хотири таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат, амалӣ намудани Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои солҳои 2016-2020 фаъолияти хешро вусъат бахшида, то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақшаҳои тарҳрезикардаи худро бо сифати баланд амалӣ менамоянд.
Хусусан, зарур аст, ки тавассути воридоти технологияҳои замонавӣ доир ба рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати коркарди маҳсулот, азхудкунии заминҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳамчунин, вазифаи роҳбарони ҳар як шаҳру ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо аз он иборат аст, ки аз ҳоло барои омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон тамоми тадбирҳои заруриро анҷом диҳанд.
Яъне зарур аст, ки ба масъалаи омода кардани мактабу беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳозирини арҷманд!
Чанд рӯз пештар ман супориш додам, ки ҷашни Ваҳдат ду сол баъд, яъне моҳи июни соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ доир карда шавад. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия, вазорату идораҳо ва дигар сохтору мақомот бояд аз ҳозир барои дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани ин ҷашн корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшанд.
Истиқлолияти давлатии кишварамон барои мо неъмати бисёр азизу гаронбаҳо аст.
Бинобар ин, мо бояд аз имрӯз омодагии ҷиддиро ба таҷлили арзандаи сиюмин солгарди он оғоз намуда, ин ҷашни муқаддаси миллиамонро бо заҳмати содиқонаву пурсамар, нишондиҳандаҳои баланди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон пешвоз гирем.
Дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, вакилони мардумӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориши қатъӣ додам, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободониро дар тамоми қаламрави кишвар ҳамаҷониба густариш бахшанд.
Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад.
Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода шаванд.
Хотирнишон месозам, ки дар се соли оянда ҳисоботи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва аъзои гурӯҳҳои корие, ки бо амри Президенти кишвар ба шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, доир ба иҷрои корҳои зикршуда мунтазам талаб карда мешавад.
Бовар дорам, ки дар ин кори хайр мардуми заҳматқарину соҳибмаърифати вилояти Суғд ва ҳар яки шумо - роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо минбаъд низ пешсафу намуна хоҳед буд.
Саломат бошед!
29.06.2018 10:46, шаҳри Хуҷанд
Манбаъ: Сомонаи Президенти Тоҷикистон