Тамрини офатзадагони эҳтимолӣ дар Истаравшан

Дар тамрини санҷиши ҳолати омодагии мудофиаи гражданӣ ва машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Истаравшан санаҳои аз 22 то 26 майи соли 2018  дар мавзўъӣ:  «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизоми ҳудуди Низоми ягонаи шаҳр ҳангоми баамалоии заминларза», ки ахиран дар шаҳри Истаравшан гузашт, бешитар аз 1000 нафар ширкат карданд.

Дар рафти санҷиш маълум карда шуд, ки бо қарори Раиси шаҳр таҳти   №281 аз 5 майи соли 2015 «Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Истаравшан» иборат аз 19 зернизомҳои ҳудудӣ таъсис дода шудааст, қарори Раиси шаҳр таҳти №284 аз 30 апрели  соли 2013 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиаи гражданӣ» комиссияҳои эвакуатсионӣ, устуворгардонии фаъолияти соҳаҳо ва иншоотҳои иқтисодӣ, 13 хадамоти мудофиаи гражданӣ аз ҷумла: алоқа ва хабардоркунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тиббӣ, оташнишонӣ, коркарди санитарии одамон ва безараргардонии сару либос, коммуналӣ-техникӣ, нақлиёт, роҳ, энергетикӣ, муҳофизат аз селҳо ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ҳифзи ҳайвонот ва растаниҳо, савдо ва озуқа ва муҳандисӣ ташкил карда шудааст. Бо қарори Раиси шаҳри Истаравшан таҳти №141 аз 10 феврали соли 2016 Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодааст.

Аҳолии интиқолшавандаи мавзеъи Тал-теппаи маҳаллаҳои Боғот ва Айнии шаҳр, баъди дарёфти бонги «Хатар», аввал сарҷамъ шуда, дар комиссия сабти ном шуданд ва баъдан тавассути мошинҳо ва қисман пиёда ба минтақаи бехавф кучонида шуданд.   

Машқҳо дар доираи барномаи қаблан тарҳрезишуда гузаштанд ва ҳадафи аслӣ тамрини ҳолатҳои эҳтимолие буд, ки бар асари офатҳои табиӣ ба минтақа зарар мерасонад. Интиқоли одамони мусибатзада аз макони хавф ба макони амн яке аз чораҳои аввалин дар ҳолатҳои фавқулодда ба шумор меравад.

Ҳангоми тамринҳо ба ширкаткунандагон роҷеъ ба қоидаҳои бехатарӣ ва рафтор дар ҳар ҳолати фавқулодда маълумот дода шуд.

барчасп: