Савгандёдкунии наваскарон дар вилояти Суғд

Дар қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғд маросими қабули савганди ҳарбии наваскарон баргузор гардид. Чорабинӣ бо суруди миллӣ оғоз шуд ва баъдан наваскарон тантанавор савганди ҳарбиро қабул намуданд.

Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, полковник Додиён Баҳром Одина ба саъми ҳайати шахсӣ, волидони наваскарон ва меҳмонон табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати рӯзи қабули саганди ҳарбӣ расонид ва баъд дар бораи махсусиятҳои ин рӯз суханронӣ кард. Вай дар муроҷиат ба наваскарон гуфт, ки аз аз ин лаҳзаҳо бори масъулияти дифоъ аз музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини амнияти сокинони кишвар ба дӯши шумо низ афтод.

Додиён Баҳром Одина дар бахши дигар аз суханронии худ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, хизмат дар сафи артиши миллӣ, таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад ва гуфт, ки маҳз бо талошҳои пайгирони Сарвари давлат Қувваҳои мусаллаҳи кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин мегарданд. 

Дар ин маросим ҳамчунин волидони наваскарон, хешу табор ва наздикони онҳо даъват шуда буданд. М.Баротова-модари яке аз анваскарон зимни суханрониаш ба роҳбарияти Кумита барои муҳайё намудани шароити мусоид ба хизматчиёни ҳарбӣ изҳори ташаккур намуд. 

Дар поёни чорабинӣ меҳмонон, волидайни сарбозон ба шароити зисту зиндагонии сарбозон шинос карда шуданд. Онҳо вориди ҷойи хобу истироҳат, ошхона, варзишгоҳу дигар ҷойҳои тафреҳӣ шуданд ва аз он чӣ диданд, хотири шод доштанд.   

Дар хотима як чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ низ доир шуд.

Ш.Бутаева,
Сардори бахши кор бо
ҷомеъа
, лейтенант

барчасп: