Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба шаҳри Турсунзода бо сокинони ҷамоати деҳоти “10-солагии Истиқлолият”, деҳаҳои Бахтовар ва Шарқ, ҷамоати деҳоти “Работ”, деҳаҳои Ширкент, Деҳвак, Қипчоқ ва Бешкапа дидор ва мулоқот карданд ва бо онҳо дарсҳои омӯзишии амал ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои гуногуни табиӣ гузарониданд.
Гуфтанист, ки аҳоли мавзеъҳои ёдшуда дар минтақаҳои осебпазири селу обхезӣ ва ярч қарор доранд. Дар мулоқот расисони ҷамоатҳо ва дигар кормандону масъулони ҳакимияти давлатии маҳаллӣ ширкат ва барои баргузории чорабиниҳо мусоидат намуданд.
Кормандони КҲФ бо мардум дар мавзуъҳои “Тартиби амал намудани аҳолӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта”, “Доир ба қоидаҳои бехатарӣ дар об дар мавсими оббозӣ”, “Тартиби кӯчонидани аҳолӣ ба минтақаҳои бехавф” ва оид ба “Санадҳои меъёрию-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самти ҳолатҳои фавқулодда вамудофиаи гражданӣ” суҳбат карданд.
Баъди баррасии ҳар мавзуъ миёни ширкаткунандагон ва мутахассисони Кумита табодули афкор мешуд ва мардум оид ба қоидаҳои бехатарии амал дар ҳолатҳои фавқулодда суол мекарданд.
Роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ як омили коҳиши хатари офатҳо ба шумор меравад. Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи густардаи роҳандозии ин гуна корҳоро дар сар то сари кишвар амалӣ мекунад.
Маврид ба ёдоварист, ки чорабиниҳои мазкур бар асоси қарори ҷаласаи ҳайати Мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаиграждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2018 ҷиҳати пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз офатҳои табиӣ дар минтақаҳои хафноки шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.