Сафари кории Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Хатлон

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Хатлон ҷиҳати ширкат дар маросими савгандёдкунии наваскарон ба ду ноҳияи селзадаи қаламрави вилоят рафт ва дар мулоқот бо сокинони арзу шикоят ва талабу дархости онҳоро шунид.

25 –уми майи соли 2018 дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Хатлон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии КҲФ дар қаламраи ноҳияи Ҳамадонии вилоят ширкат кард. Дар ин маросим раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои наздик ба қисми ҳарбӣ, ҳамчунин волидон ва хешовандони наваскарон ширкат карданд. 

Баъди фармони омода кардани ҳайати шахсӣ ба савгандёдкунӣ, наваскарон дар вазъи тантанавӣ ба номи Ватан савганди садоқат ёд карданд. 

Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни суханронӣ ва муроҷиаташ ба сарбозон гуфт: “Зарур аст ҳамеша донист, ки дар тӯли бештар аз ду даҳсола артиши миллии мо ба як мактаби тарбияи ватандӯстӣ, шарафу мардонагӣ табил шуд ва имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор тан ҷавонони обутобёфтаро тарбия кардаву ба камол расондааст. Имрӯз шумо ба ҳайати КҲФ – одамони ҷасур дохил шудед, ки онҳо қарзи шаҳрвандӣ ва хидматии худро сарбаландона адо мекунанд”.

Дар идомаи сафари худ сарвари КҲФ барои омӯзиш ва арзёбии зарари расида ва ҳамоҳангсозии кори бартараф намудани оқибатҳои сел аз ноҳияҳои Фархор ва Панҷи вилояти Хатлон дидан кард. 

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода якҷо бо роҳбарони ноҳияҳо бо мардуми маҳалҳои офатзадаи ду ноҳия мулоқот кард ва қайд намуд, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар барои зудтару тезтар ҳал намудани мушкилоти ба миёномада таваҷҷӯҳи махсус доранд.

Дар мулоқот талабу дархости сокинони маҳаллӣ шунида шуд.

барчасп: