Танҳо омӯзишҳои пайваста метавонанд хатари офатҳоро коҳиш диҳанд. Омодагии инсонҳо ба ҳар ҳолати фавқулодда низ омӯзиш мехоҳад, то инсонҳо тавонанд бо донишҳои андӯхтаи худ дар ҳоли пеш омадани офате қодир ба раҳоии ҷони хешу пайвандони хеш ва атрофиён бошанд. Ин аст ҳадафи аслии кормандони бахши омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 87 нафар аз ҷумлаи донишомӯзони литсейи нақлиёти шаҳри Душанбе дарси омӯзишӣ гузарониданд.
Мавзӯи дарс асосҳои бехатарӣ, қоидаҳои рафтор ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар наздикии махзанҳои об, сайругашт дар кӯҳҳо буд.
Омӯзгорони Марказ ба хонандагон дар бораи ҳолатҳои гуногуни фавқулодда, ки метавонанд дар табиат бо онҳо рӯ ба рӯ шаванд, ёдовар шуданд. Ҳамзамон бо ин ба онҳо риояи қоидаҳои бехатарӣ дар чунин ҳолатҳоро омӯзониданд ва гуфтанд, ки дар кадом ҳолат чӣ бояд кард.
Маврид ба таъкид аст, ки ин гуна дарсҳо барои ширкаткунандагон таъсири худ доранд. Чун риояи қоидаҳои бехатарӣ ин қабл аз ҳар чизи дигар таъмини бехатарии худи онҳо ва атрофиёну пайвандони онҳост. Бояд ҳар инсон донад, ки дар ҳолатҳои истирорӣ ва фавқулодда чӣ бояд кунад, то хатари офат коҳиш ёбад ва ҷони инсонҳо аз хатар наҷот дода шавад.