Боронҳои харобиовар: Шарҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Боронҳои шадиду селосо билохира аз худ ваввалин нишони харобӣ мегузоранд. Дар баъзе манотиқи кишвар қитъаҳои наздиҳавлигӣ хароб мешаванд, ба заминҳои кишт зарар мерасад, роҳҳои мошингардро санреза пур мекунад ва ҳаракати мошинҳо қатъ мешавад.

Ба асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як қатор ноҳияҳои кишвар омадани сел ба қайд гирифта шудааст.  

Чунончӣ, дар қаламрави ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд сел ба 2 гектар замини кишт, 800 метр роҳ дар деҳаи Рӯзиобнок ва ба 10 хоҷагии наздиҳавлигии сокинони русто зарар овардааст.

Резиши санг  250 метр роҳҳо дар километри 51-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент баст. Дар айни замон ин қитъа аз сагрезаҳо тоза карда шуда ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст. 

Дар қасаби 19 шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сел қисман 15 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро хароб кард. 

Дар вилояти Хатлон дар деҳаҳои Чорбоғ, Пахтадашт, Иттифоқ ва ҷамоати деҳаи Машъали ноҳияи Вахш сел ба 6 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.

Дар айни замон дар маҳалҳо комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияҳо фаъолият мекунад. Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус  сафарбар карда шудааст.

Офатҳои табиӣ қурбоние дар бар надоштанд.

барчасп: