Миёни Тоҷикистон ва Белорус оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда боз як ҳуҷҷати нав ба имзо расид, ки он нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус мебошад.
Имрӯз баъди анҷоми қисми расмии мулоқот ва гуфтушунидҳо бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко 15 ҳуҷҷати нави ҳамкориҳо, аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, ки 28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд, имзо гардид.
Ҳуҷҷатро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус Владимир Вашенко имзо карданд.