Ҳалокати ҷавони 21-сола, ки дар кӯҳ мехост занбӯруғ ҷамъоварӣ кунад

Яке аз ду ҷавоне, ки дар ноҳияи Нуробод рӯзҳои боронӣ ба ҷамъоварии занбӯруғ рафта буданд, ба ҳалокат расидааст. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақа мегӯянд, ин ҷавон бар асари риоя накардани қоидаҳои кӯҳгардӣ чаппа шудаву ҳалок шудааст. Бори аввал дар имсол аст, ки як нафар ба хотири ҷамъоварии занбӯруғ ҷони худро аз даст медиҳад.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки дар қаламрави кишвар, бахусус дар маҳалҳои кӯҳӣ коҳиши ҳарорати ҳаво, боронҳои шадиду жола ва раъду барқ дар назар аст.  Дар хабар аз ҷумла гуфта мешуд, ки эҳтимоли зарар дидан аз раъду барқ, омадани сел ва резиши санг зиёд аст. 

Кумита ба хотири дучори фалокат нашудан дар чунин рӯзҳои боронӣ борҳо тавсияҳои зарурӣ додаву ба шаҳрвандон қоидаҳои рафтор дар ҳар ҳолати борониро ёдрас карда буд. Ҳамчунин гуфта будем, ки бар асари боронҳои шадид болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест. 

Дар ҳамин иртибот КҲФ ба шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар рафтан ба наздикии махзанҳои об, оббозӣ ва моҳидориро тавсия надода буд. Кумита аз шаҳрвандон басо боэҳтиромона хоҳиш карда буд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз рафтан ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбӯруғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ варзанд. 

Мутаассифона, на ҳамаи шаҳрвандон гӯш ба ин тавсияҳо мениҳанд ва аз он кор мегиранд. Ду сокини ҷавони ноҳияи Нуробод барои ҷамъоварии занбӯруғ ба кӯҳ рафтаанд ва дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии кӯҳгардӣ ҷавони 21-сола ба ҳалокат расидааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, дар чунин рӯзҳои сербориш, ки ҳар лаҳза хавфе таҳдид мекунад, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва ҷони худ ва наздикони худро дар хатар наандозанд.

барчасп: