Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба асосҳои бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва мавсими истироҳати тобистона дар табиат ва махзанҳои об омӯзгорони Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методӣ дар дафтари ташкилоти байналмилалии “Ҳамсоягии дӯстона” бо ширкати аҳолии шаҳри Душанбе дарси омӯзишӣ гузарониданд. Дар ин дарс бештар аз 70 нафар аз ҷумлаи афроди калонсол, бачаҳо ва наврасон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни дарс бо истифода аз равишҳои омӯзиши вазъи мушаххас, омӯзгорон ба шунавандагон дар бораи қоидаҳои амал дар заминларза, сӯхтор, ҳангоми истироҳати тобистона дар наздикии махзанҳои об, дар оғӯши табиат ҳангоми боронҳои селосо ва раъду барқу бориши жола нақл карданд ва нишон доданд, ки чӣ гуна метавон ҷони худ ва атрофиёнро аз хатар ҳифз кард.
Усулҳои басо одӣ ва зарурии расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ дар ҳолатҳои ғарқ шудан, неш задани мор, ҳашарот, ҳайвонот ва заҳролудшавӣ аз рустаниҳои заҳрдорро нишон доданд.
Барои таҳкими донишҳои назариявӣ ба ширкаткунандагон шакли тамрини викторина пешниҳод шуд. Ба ғолибони ин викторинаҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурданд. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки аз рӯи расмҳо ва ё ҳодисаҳои мушаххас дар ҳаёти худашон доир ба ин ё он лаҳзаҳои фавқулодда ҳикоя нависанд.
Дар поёни нишаст ба ширкаткунандагон дастур “Дар бораи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ”, ки аз ҷониби мутахассисони КҲФ омода шудааст, тақсим карда шуд.
Қарор аст ин гуна дарсҳои омӯзишӣ мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳо дар мактабҳо, лагерҳои истироҳатии наздимактабӣ ва берунимактабӣ, миёни аҳолии ҷамоатҳо, ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шаванд.