Ҷавонон бояд соҳиби илму дониш ва дидгоҳҳои илмӣ бошанд

Ноиби сардори Раёсати  Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамбой Гулов мегӯяд ҷавонон бояд илм омӯзанд, зеро густариши дидгоҳҳои илмӣ метавонад аз гароиши онҳо ба созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷилавгирӣ кунад. Маҳкамбой Гулов имрӯз меҳмони ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе буд.

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати шахсӣ бо ҷонишини сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов баргузор шуд.

Ҳадафи ин мулоқот таҳкими ҳамкориҳои ду ниҳод, пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ҷараёнҳои гуногуни ғайриқонунӣ, аз ҷумла созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад.  

Зимни суханронии худ Маҳкамбой Гулов дар бораи оғози татбиқи “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон барои солҳои 2018-2022” нақл кард ва гуфт, ки ҷавонон бояд саргарми омӯзиши илм, дарёфти дониш бошанд, онҳо бояд дар бораи ҳаёти дунявӣ ва динии худ тасаввурот дошта бошанд. Зеро густариши дидгоҳҳои илмӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб нақши калидӣ дорад. 

Дар поёни мулоқот роҳбарияти Раёсат ба Маҳкамбой Гулов барои ин суҳбати пурмуҳтаво изҳори ташаккур кард.

Қарор шуд, ки ин гуна дидору мулоқотҳо ва суҳбатҳои омӯзанда пайваста сурат гиранд.

барчасп: