Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯзҳо мардуми мусулмони олам, аз ҷумла сокинони кишвари мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон қарор доранд, ки ҳамчун айёми раҳмату мағфират, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва иҷрои амалҳои хайру савоб рӯзи 17-уми май фаро мерасад.Ба ин муносибат кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан саломативу саодатмандӣ, сабру таҳаммул ва дар хонадонашон фазои орому осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад. Мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд.

Бахусус, дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накӯкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд.

Дар баробари ин, моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.Маҳз бо ҳамин сабаб ин моҳи муборак, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад, савобу подоши бузург дорад. Бояд гуфт, ки ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад.Ин ҳолат вазъи зиндагии олитарин ҷавҳари офариниш, яъне инсонро дар гаҳвораи ӯ - сайёраи Замин рӯз ба рӯз мушкил гардонида истодааст.Вобаста ба ин, мехоҳам шуморо бо баъзе таҳлилу арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ доир ба таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ҳаёти инсоният шинос намоям. Ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад.

Ҳамасола аз шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот карда, 31 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Ғайр аз ин, қариб 800 миллион нафар аҳолии сайёра аз норасоии ғизо азият кашида, як миллиард нафар кӯдакон дар шароити қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд ва бо ҳамин иллат ҳар сол 22 ҳазор нафар кӯдак вафот мекунад. Танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст.

Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд.

Ғайр аз ин, дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд. Дар баробари ин, инсоният ба гирдоби нафсу манфиатҷӯйӣ мубтало гардида, худро тадриҷан аз олами табиат ҷудо менамояд ва бо муносибати ғайриоқилонаву нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ - Замин он қадар зарар ворид менамояд, ки оқибатҳои он пешгӯинашаванда ва фалокатборанд. Инсон дар 70 - 80 соли охир оламро ба дараҷае тағйир додааст, ки табиат тайи таҳаввули чандинмиллионсолааш ва тамаддуни инсонӣ дар зарфи мавҷудияти беш аз даҳҳазорсолааш чунин дигаргуниро надидааст.

Илова бар ин, башарият имрӯз аз офатҳои табиии вобаста ба гармшавии иқлим - хушксолӣ, камобӣ, селу обхезиҳо, офатҳои техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масъунияти одам, инчунин, маводи мухаддир зарари зиёд мебинад.

Масалан, танҳо дар кишвари мо аз бемории вируси норасоии масъунияти одам, ки ду – се даҳсола пеш дар байни мардумамон умуман вуҷуд надошт, дар бист соли охир қариб 2500 нафар ва дар даҳ соли охир аз бемории нашъамандӣ зиёда аз 500 нафар фавтидаст. Агар дар асри 17 дар Аврупо дар ҷангу низоъҳои гуногун тақрибан се миллион нафар кушта шуда бошад, дар асри 18 панҷ миллион, садсолаи 19 тақрибан 10 миллион ва дар асри ХХ беш аз 100 миллион нафар одамон ба ҳалокат расидаанд. Ин рақамҳо ба қитъае дахл доранд, ки дар се садсолаи охир намунаи пешрафт маҳсуб меёфт. Дар 13 соли асри 21 шумораи онҳое, ки дар ҷангу низоъҳо қурбон шудаанд, миллионҳо нафарро ташкил додааст.Ибтидои ҳазораи сеюм ба сари инсоният моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангиро овард, ки харобиҳои онҳо аз зарари ду ҷанги ҷаҳонии қаблӣ камтар нестанд.

Имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳолати вазнинтарини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқу манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд.Чунин ҳолат низому тартиботи ҷаҳониро заиф, адли умумро ноустувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад.Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.

Яъне аксари мутлақи қурбониёни чунин дахолату муноқишаҳо ҳамоно мусулмонон мебошанд. Саволе ба миён меояд, ки магар инсон дар рӯи замин барои эҷоди ҳамин мушкилоту харобкориҳо офарида шудааст? Албатта, чунин нест ва чунин набояд бошад. Зеро на табиат, ки инсон ҷузъи ҷудонашавандаи он аст ва на Офаридгор, ки барои инсон сабукӣ, оромӣ, саодат ва адлу инсофро мехоҳад, ҷонибдори ин ҳолат нестанд.

Пас, ин ҳама амалҳо натиҷаи кирдори одамон мебошанд, яъне дар саргаҳи ин ҳама беназмиҳо бесаводӣ, сатҳи пасти маърифат ва ҳатто ҷаҳолати худи инсон қарор дорад. Тавре мегӯянд: - “Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост”. Бинобар ин, инсоният бояд дар сари ин масъалаҳо бисёр амиқ андеша намояд, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин ҳама харобкориҳо дастҷамъона чораҷӯӣ кунад ва талоши қувваҳои солимро ба паст намудани шиддати низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ равона созад.Ин ҳақиқатро барои он бояд гуфт, ки мо набояд ба ин равандҳо бетарафона ва хунсардона назар кунем. Чунки агар қурбониёни ҷангҳо ва фирориёни нооромиҳои чанд даҳсолаи охирро аз мизони қиёси таърихӣ гузаронем, ҳеҷ вабо ва муноқишаи хунини таърихиеро тайи мавҷудияти тамаддуни инсонӣ пайдо намекунем, ки чунин шумораи бузурги насли башарро туъмаи худ карда бошад.

Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.

Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мову шумо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ин олами ноором додааст. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд.

Яъне мардум бояд ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ бо роҳи таърихии дар Конститутсия интихобкардаи худ устуворона пеш раванд.Бояд гуфт, ки ташаккулёбии миллати аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат кори саҳлу осон нест, балки раванди бардавому тӯлонии пешбурди корҳои тарбиявӣ дар оила, боғчаи кӯдакон, мактабу донишгоҳҳо, вазифаи доимии хизматчиёни давлатӣ, зиёиёну олимон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, нависандагону шоирон ва ходимони дин мебошад, ки аз ормонҳои ҳазорсолаи халқи озодихоҳи мо, нияти неки мардуми ватандӯстамон ва хазинаи бузурги маънавии ниёгони некномамон сарчашма мегирад.Бори дигар таъкид месозам: дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад.Зеро тавре ки таърихи башарият нишон медиҳад, танҳо давлат ва халқҳое умри нисбатан дарозтар дидаанд, ки онҳо аз имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон пурра ва дурусту оқилона истифода карда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тарбия кардаанд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар ин самт корҳои зиёди сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавию тарбиявӣ ба анҷом расонида шудаанд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти худшиносии милливу динии мардуми мо мушкилоту камбудиҳо ҳанӯз хеле зиёданд.Ин норасоиҳо на бо суханони хушку холӣ, тарғиботи мавсимӣ ва ҳатто ифтихороти зоҳирӣ, балки танҳо тавассути тарбияи муназзами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа - аз оила то коргоҳ - бартараф карда мешаванд.Танҳо иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзу ояндаи он дар атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки инчунин, тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати воқеан бостонӣ ва соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад.

Маҳз бо ҳамин мақсад дар арафаи моҳи шарифи Рамазон хостам бо шумо, намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа мулоқот доир карда, ҷиҳати ислоҳи баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар кишварамон то ҳанӯз вуҷуд доранд, изҳори назар намоям.Таъкид мекунам, ки ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Хотирнишон бояд кард, ки ислоҳи вазъи маънавӣ ва иҷтимоие, ки бо сабру таҳаммул, хайру саховат, эҳтирому қадршиносии якдигар ва саодату оромии рӯҳ вобастагии бевосита дорад, танҳо дар як моҳи рамазон маҳдуд нашуда, дар ҳаёти мо бояд ҳамеша вуҷуд дошта бошад.Зеро караму раҳмати Худованд беҳадду ҳамарӯз аст ва муъмин бояд аз он пайваста ғизо гирад. Муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатҳои умумимидавлатӣ гарави таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад. Чунки яке аз воситаҳои муҳимтарини ҳифзи истиқлолияти давлатӣ рушди маънавӣ ва озодиҳои эътиқодии халқ аст, ки аз решаҳои таърихии афкори инсондӯстонаи ниёгон ва ҷаҳонбинии пешрафтаи башарӣ ғизо гирифта, истиқлолияти фикрӣ ва эътиқодиро таъмин менамояд.

Мо бояд хуб дар хотир дошта бошем, ки гузаштагони мо бо дастовардҳои арзишманди илмиву ахлоқии худ дар тӯли садсолаҳо ба рушди маънавии башарият саҳми беназир гузоштаанд.  Дар ин самт, омӯзиши таълимоти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам ва дигар фарзандони фарзонаи халқи тоҷик - Муҳаммад ал-Бухорӣ, Абӯҳафси Кабири Бухороӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯҳакими Самарқандӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мотуридии Самарқандӣ ва дигарон, ки дар рушди илму ирфон ва донишу фалсафаи башарӣ ҳиссаи арзишманду бебаҳс гузоштаанд, бисёр муҳим мебошад.

Махсусан, таълимоти пири мазҳаби мо - Имоми Аъзам ва шогирдони ӯ, ки намунаи олии тарғиби исломи муътадил ба ҳисоб меравад, барои мардуми мусулмони мо басо зарур мебошад. Вобаста ба моҳи шарифи Рамазон дар таълимоти пешвои мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам таъкидҳои зиёд ҷой дошта, аз ҷумла ӯ худдорӣ намудан аз суханҳои ношоиста ва рафтори нописандида, яъне нигоҳ доштани покии забон ва амалҳои шоистаро амри ҳатмӣ дониста, одоби баланди муошират ва бо муҳаббату самимият муомила кардан ба наздикону атрофиёнро шарти муҳимми тақводорӣ медонист ва риояи онро аз тарафи пайравонаш воҷиб мешуморид.

Умуман, пок нигоҳ доштани забон ва риояи маданияти муошират беҳтарин нишонаи миллати соҳибтамаддун мебошад. Имом Абӯҳанифа сафои қалб ва одоби неку ҳамидаро ҳусни ботин ва зинати зоҳири мусулмонон дониста, таъкид кардааст, ки агар шахс барои ризои Худо дар моҳи Рамазон як амали хайрро анҷом диҳад, ба шахсе баробар аст, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри моҳи Рамазон анҷом медиҳад. Тавре бузургони мо мефармоянд, ҳикмати ин фармудаҳо на танҳо дар шумораи раҳмат, балки дар одат кардан ба амалҳои хайр аст, ки инсон дар тӯли умри худ онҳоро анҷом медиҳад.

Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки хусусан, солҳои охир дар кишварамон дасти кумак дароз кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо аз ҷониби соҳибкорону ашхоси ҳимматбаланд торафт ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст.

Чунин рафтори саховатмандона, бешубҳа, аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ ва тарбиявӣ дошта, дар айни замон ба густариши раҳму шафқат дар байни аъзои ҷомеа, таҳкими муносибатҳои нек миёни одамон ва то андозае ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Дар баробари ин, бо итминони комил изҳор медорам, ки дар ин моҳи муборак хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, ходимони дин ва умуман, ҳамаи шахсоне, ки имкони мусоиди моддӣ ё ба гуфтаи халқамон “дасти хайр” доранд, дар анҷом додани амалҳои нек, аз ҷумла ба ягон маҳалли аҳолинишин об овардан, мактаб, маркази саломатӣ ё бунгоҳи тиббиеро бунёд ё таъмир кардан, пуле сохтан ё қитъаи роҳеро обод намудан низ кӯшиши бештар карда, соҳиби савоби ҷория мешаванд ва бо ин амалҳои некашон дар ободии Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд. Дар замонҳои гузашта дар байни мардуми мо, алалхусус, шахсони доро таомули савобе буд, ки дар биёбон ва роҳҳои корвонгузар чоҳи об меканданд, корвонсаройҳо месохтанд ва бо чунин амали худ мушкили роҳгузару мусофиронро осон мекарданд.

Дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориши қатъӣ додам, ки ба ифтихори сисолагии истиқлолияти кишварамон, яъне то 9-уми сентябри соли 2021 ва дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ корҳои созандагиву ободониро дар тамоми қаламрави кишвар ҳамаҷониба густариш бахшанд.

Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад. Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода шаванд.

Дар ин раванди ба ояндаи неки Ватанамон ва зиндагии боз ҳам беҳтари сокинони мамлакатамон нигаронидашуда бояд ҳама, аз аъзои Ҳукумат ва хизматчиёни давлатӣ сар карда, то соҳибкорону тоҷирон, ходимони дин ва ҳар як шаҳрванди кишвар саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд. Дар хотир бояд дошт, ки тибқи таълимоти ислом барои ободии Ватан анҷом додани чунин амалҳои хайр низ ибодат буда, аҷру савоби онҳо барои шахсоне, ки ба корҳои неку савоб иқдом мекунанд, бардавом ва ҷория аст.

Мехоҳам таъкид намоям, ки анҷом додани корҳои зикршуда, аз як тараф ба рафъи бисёр мушкилоти иҷтимоӣ, боз ҳам ободу зебо гардидани ҳамаи гӯшаҳои Ватани азизамон мусоидат мекунад ва аз сӯи дигар, бо ҳамин роҳ барои наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози халқи тоҷик шароити беҳтарини таълиму тарбия ва ба мардуми кишвар имкониятҳои замонавии хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ муҳайё карда мешаванд.Тавре мебинед, барои инсоне, ки ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ дорад ва савобҷӯй мебошад, имконият барои анҷом додани корҳои хайр ва соҳиби савоб шудан хеле зиёд аст. Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки ҳар фарди муъмину мусулмон ва боимон амали хайру савобро бояд бо дасти худ ва ҳангоми зинда ва дар қайди ҳаёт буданаш анҷом диҳад.

Такрор шавад ҳам, боз мегӯям, ки мо бояд дар зиндагӣ ба қадри падару модар, бародару хоҳар, калонсолон ва ба қадри якдигар расем ва барои онҳое, ки масъулияти нигоҳубинашонро ба дӯш дорем, шароити зарурии зиндагиро муҳайё созем. Маҳз ҳамин амалҳои мо дар қатори дуову фотиҳа боиси шод шудани арвоҳи гузаштагонамон мегардад. Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки Рамазон фақат маънии рӯза гирифтану аз кору фаъолият даст кашида, дар кунҷи хона нишастанро надорад.

Маънӣ ва асли хикмати рамазон ба қадри неъмат расидан, эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан мебошад ва тавре ки поягузори силсилаи нақшбандия Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд шиори зиндагиашро ”даст ба кору дил ба ёр” эълон намуда буд, мо низ дар офаридани неъматҳои моддӣ бояд заҳмат кашем ва аз сахтиҳо наҳаросем. Яъне бо гирифтани рӯза қонеъ шуда, фардоро андеша накардан сифати муъмини комил нест. Муъмини комил дурбин ва фарқкунандаи неку бад буда, тибқи фармудаҳои дини мубини ислом саодати зиндагии ин дунё ва охиратро талаб менамояд.

Агар мо дар ин моҳ, ки ба мавсими киштукор ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, яъне маводи ғизоӣ рост меояд, заҳмат накашем, фурсат аз даст меравад, ҳосил талаф мешавад ва табиист, ки дар зимистон аҳли хонадони мо ба сахтиву мушкилот дучор мешаванд. Илова бар ин, хотирнишон менамоям, ки саъю кӯшиш барои ризқу рӯзӣ нисбат ба диёнату тақводорӣ бартарият дорад, зеро коҳиш ёфтани ризқ, пеш аз ҳама, бовару эътиқодро заиф мегардонад. Аз ин рӯ, дар моҳи шарифи Рамазон талоши бештар кардан барои зиндагии беҳтар низ ибодат аст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътабари исломӣ пайғамбари Худо дар моҳи Рамазон ҷаҳди худро дучанд ва меҳрубониро ба атрофиён зиёдтар мекардаанд.

Садақаи фитр, ки яке аз рукнҳои муҳимми моҳи шарифи Рамазон аст, тибқи манбаъҳои муътабари исломӣ аз василаҳои муҳимми дастгирии шахсони ниёзманд мебошад ва он набояд ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба хешу табори наздики эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва мусофирону камбизоатҳо дода шавад. Зеро тибқи ояти 60-уми сураи Тавбаи Қуръони маҷид танҳо чунин одамон ба қабули ҳар гуна хайрот, аз ҷумла садақаи фитр ҳақ доранд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки садақаи фитр ва ҳар гуна хайротро ҷамъ карда, барои кумаки моддӣ ба ниёзмандон, таъмири хонаи шахсони камбизоату бесаробон ё харидории асбобу ашёи хона барои онҳо равона карда шавад.

Ҳамчунин, хотиррасон мекунам, ки шахсони серфарзанду камбизоат, ятимону маъюбон ва онҳое, ки нигоҳубину парастории чандин нафари ғайри қобили меҳнатро ба зимма доранд, набояд садақаву хайрот диҳанд.

Дар робита ба моҳи шарифи Рамазон як масъалаи дигарро зикр менамоям, ки баъди ин моҳ омодагӣ ба маросими ҳаҷ оғоз мегардад. Ба назар чунин мерасад, ки иддае аз мардуми мусулмони мо то ҳанӯз ба ҳикматҳои аслии ислом ва рукнҳои он дуруст сарфаҳм нарафтаанд. Чунонки борҳо гуфтаам, баъзе ҳамватанони мо зиёратро ба тиҷорат табдил дода, чандин бор ба ҳаҷ мераванд. Дар ҳоле ки метавонанд маблағи ҳаҷҷи такрориро барои кумак ба хешу табори муҳтоҷашон, таъмири роҳи деҳаи худ ё бунёди мактабе, ки фарзандону набераҳояшон дар он бо шароити беҳтар таҳсил хоҳанд кард, сарф кунанд.

Баъзе шахсони олиҳиммату дурандеш то имрӯз, аллакай, чунин карданд, мактабҳо сохтанд, роҳи деҳаашонро таъмир карданд, маркази саломатӣ ва бунгоҳхои тиббӣ бунёд намуданд ва тасаввур кунед, ки чӣ қадар савоби бузург гирифтанд.

Дуои хайри ин амалашон садсолаҳо ба худашон ҳам дар зиндагӣ ва ҳам баъди сарашон, инчунин, ба арвоҳи падару модарашон мерасад.

Худованд дар ояти 25 сураи Ҳадид мефармояд: «Ба дурустӣ, ки мо пайғамбарони худро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳи онҳо Китоб ва тарозуро фуруд овардем, то мардум ба инсоф амал кунанд… ».

Бо инсоф амал кардан, адлро риоя намудан ва ба ҳар гуна кору амал аз рӯи виҷдон, на бо тақлиди кӯркӯрона муносибат кардан дар айни замон муносибати оқилона бо рукнҳои ислом аст. Баъзе шаҳрвандони мо рӯзаро нишонаи аслии имон дониста, шахсони бемор ва дигар одамонеро, ки имкон надоранд, ба рӯза гирифтан маҷбур мекунанд. Ин гуноҳи азим ҳам бар тани худ ва ҳам бар ҷони дигарон аст. Муъмин набояд худро барои рӯза ба ҳалокат расонад. Зеро Худованд дар ояти 286 сураи Бақара мизони адлро чунин муқаррар кардааст: «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад.”

Яъне ба бемору бемадору нотавон, зани ҳомила ё тифли ширхорадошта ва шахсоне, ки шароит надоранд ё бо кори вазнини ҷисмонӣ машғуланд, гирифтани рӯзаро ҳатмӣ кардан, ба онҳо таъна задан ё онҳоро номусулмон гуфтан, ҳаргиз нишонаи ақл ва адл нест. Ва ё барои адои ҳаҷ рафтани касе, ки имкони молӣ ва шароити дурусти зиндагӣ надорад, аз ҳикмати адои маносики ҳаҷ берун аст. Ин амалҳо низ ҷабр бар ҷон ва имони мардуми мусулмонанд.

Дар тазкираҳо ривоят шудааст ва Мавлонои Балхӣ низ дар “Маснавии маънавӣ” овардааст, ки чун султони орифони олам Боязиди Бастомӣ озими хонаи Худо шуд, пас аз фурсате аз роҳ баргашт. Дӯстон пурсиданд, ки ҳеҷ аз роҳ намегаштӣ, чӣ пеш омад? Гуфт: Марде дар роҳ дидам, ки пурсид: Куҷо меравӣ? Гуфтам: Ба ҳаҷ. Гуфт: Чӣ дорӣ? Гуфтам: Дусад дирҳам. Гуфт: Биё, ба ман деҳ, ки соҳибаёлам ва ҳафт маротиба гирди ман даргард, ки ҳаҷҷи ту ин аст. Гуфт: Чунон кардам. Мард гуфт: Эй султони орифон, ҳеҷ донӣ, ки Парвардигори оламро ду хона аст?

Гуфтам: На. Гуфт: Бидон, ки яке хонаи гилин аст (ишора ба ҳарам дар Макка), ки аз лаҳзаи бунёдаш то ҳанӯз вориди он нашуда ва дигаре хонаи дил, ки аз лаҳзаи офариданаш то ба имрӯз аз ӯ берун нашуда. Ва ҳам бидон, ки Худованд дар китобаш як бор «хонаи ман» ва ҳафтод мартаба «бандаи ман» гуфтааст. Ин шунидам ва аз роҳ бозгаштам.

Ба ин маънӣ Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ низ мефармояд:

Дар роҳи Худо ду каъба омад ҳосил,
Як каъбаи сурату як каъбаи дил.
То битвонӣ, зиёрати дилҳо кун,
К-афзун зи ҳазор каъба омад як дил.

Асл ва ҳикмати ислом аз иҷрои ин рукнҳо, қабл аз ҳама, ташаккули инсони солеҳ ва хирадманд аст, ки ба қадри неъматҳо расида, дасти мададашро ба эҳтиёҷмандон ҳамеша дароз менамояд.

Тавре Мавлонои Балхӣ дар ин бобат гуфтааст:

Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,
Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ?
Ҳазор бор пиёда тавофи каъба кунӣ,
Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.
Иморати дили бечораи дусадпора,
Зи ҳаҷҷу умра беҳ ояд ба ҳазрати борӣ.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Мову шумо тавассути расонаҳои хабарӣ қариб ҳар рӯз мебинем, ки чӣ гуна ҳазорҳо нафар мардуми мусулмон бинобар ноамнии диёрашон хонаву ватани худро тарк карда, дар орзуи як гӯшаи ором ҷони худро дар роҳҳо, сарҳади давлатҳои дигар ва баҳрҳо аз даст медиҳанд. Дидани чунин манзараҳои мудҳиш, хусусан, барои мо бисёр дардовар аст. Чунки замоне кишвари моро низ чун нуқтаи ҷангзада ба маърази тамошои аҳли ҷаҳон мегузоштанд. Шукр, ки ба шарофати ақлу хирад ва азму иродаи халқи фарҳангпарварамон мо тавонистем аз ин вартаи ҳалокатбор халос шавем.Вале дар шароити ниҳоят ноороми дунё ба хотири боз ҳам ҳушёру зирак буданамон ба ёд овардани он лаҳзаҳо ҳикмати худро дорад.

Моро ҳам доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо сӯйистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд. Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд.Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои навадумашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша ба решаи хеш мезананд.Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем.

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст.Назари қотеъонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд.

Чанд рӯз пеш дар суханронии худ дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаи ҳамкорӣ бо кишварҳои олам ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар самти муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ равшану возеҳ баён намудам. Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад.

Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад.

Онҳое, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд. Ҳол он ки даҳҳо ояту ҳадисҳое ҳастанд, ки ҳаққоният ва бартарии адлро аз ибодат таъкид дошта, одил буданро сифати аслии мусулмонӣ медонанд. Ҳарчанд ки дар даҳҳо оятҳои каломи раббониву ҳадисҳо саодат, хушбахтӣ ва адлу оромии ҳаёти инсонӣ таъкид шудааст, баъзе гурӯҳҳо аз мусулмонони олам ба ҷойи ҳалли масъалаву мушкилоти зиндагиашон ва кӯшиш ба сӯйи пешрафту тараққиёт бо дастони хеш ҳаёташонро вазнинтар мекунанд ва кишварҳояшонро ба майдони ҷангу нооромиҳо ва ихтилофҳои мазҳабӣ табдил дода, худро бозичаи дасти душманони хориҷӣ мегардонанд ва ба афзоиши рӯҳияи исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат мекунанд.

Вазъият, алалхусус, дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон рӯз ба рӯз мураккабу нигаронкунанда шуда истодааст. Барои чунин вазъи ниҳоят сангин мардуми Афғонистон гуноҳ надоранд. Зеро қариб чил сол аст, ки бар асари рақобат ва мудохилаи қудратҳои ҷаҳонӣ сарзамини онҳо ба майдони ҷанги харобиовар табдил ёфтааст. Тавре ки мебинем, нерӯҳои муштараки чандин кишвари пешрафтаи олам вазъиятро ба эътидол оварда наметавонанд. Мо чунин мешуморем, ки халқи Афғонистон тақдирашро худаш бояд ҳал намояд ва дар ин амр бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми ин кишвар ҳамаҷониба кумак расонад.

Бо дарназардошти он ки таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо вазъи Афғонистон робитаи бевосита дорад, мо ба ин масъала бетараф буда наметавонем ва талош мекунем, ки ба ҳамсояҳои худ – мардуми дӯсту бародари Афғонистон дар ҳама ҳолат дасти мадад дароз намоем.

Тавре ки чандин бор таъкид карда будам, баъзе ҷавонони гумроҳшудаи мо низ ба сафи ҷангиёни гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро пайваста, дар муҳорибаҳои хунини давлатҳои хориҷӣ ширкат доранд. Ҳолатҳое низ ҷой доштанд, ки баъзе шаҳрвандони мо тамоми оилаашонро ба он ҷойҳо интиқол дода буданд. Қисми зиёди онҳое, ки дар ҳудуди давлатҳои ҷангзада қарор доштанд, дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ кушта шуда, фарзандони ноболиғи онҳо бесаробон монданд.

Тибқи маълумоти оморӣ то имрӯз аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок кардаанд, 675 нафар дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Шумораи кушташудагон, тибқи маълумот, беш аз 500 нафарро ташкил менамояд.

Баъди дар ҳудуди давлатҳои Ироқу Сурия саркӯб шудани созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” қисме аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба он шомил буданд, барои идома додани аъмоли ҷинояткоронаи худ, мисли солҳои 90-уми гузашта бо саркардагии собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат, дар қаламрави Афғонистон ҷамъ омадаанд.

Тибқи маълумот дар байни ҷангиёни созмони зикршуда шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ низ ҳастанд. Бояд гуфт, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми қарор доштан дар муҳоҷирати меҳнатӣ, як қисми онҳо дар ҷараёни адо намудани маросими ҳаҷ, инчунин, дар муддати таҳсилоти ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб ва шомил шудаанд.

Маълум аст, ки нақши рӯҳониён, алалхусус, имомхатибон дар тарбия ва роҳнамоии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон барои анҷом додани амалҳои хайр, бедор намудани ҳисси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва шинохти исломи воқеӣ калон аст. Вале мутаассифона, дар байни онҳо шахсоне пайдо шудаанд, ки вазифаи муқаддаси худро иҷро накарда, баръакс, ҳамчун узви равия ва ниҳодҳои террористӣ ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ машғул гардидаанд.

Дар давоми чанд соли охир 23 нафар хатибон ва ноибони хатибон, ки аъзои ниҳодҳои террористиву ифротгароӣ буданд, дастгир карда шудаанд.

То имрӯз зиёда аз 3400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар машғул буданд, ба Ватан баргардонида шудаанд. Вале ҳанӯз қариб 400 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти ба ном динии кишварҳои хориҷӣ қарор доранд, ки бояд ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Дар ин кори бисёр муҳим падару модарон ва хешу табори чунин ҷавонон низ бояд фаъолона иштирок карда, нагузоранд, ки фарзандони онҳо ба қувваҳои харобкори радикалӣ ва террористону ифротгароён пайваста, падару модар ва хешу табори худро шармсор ва давлату миллатро бадном созанд.

Мо худамон донишкадаи исломӣ дорем, ки метавонад мутахассисони сатҳи баланд омода намояд.Аз ҷониби падару модарон эҷод намудани монеа барои ба мактаб рафтани фарзандон яке аз сабабҳои асосии ҷой доштани падидаи мазкур мебошад.Барои содир намудани чунин кирдор дар соли 2017 ва се моҳи соли равон нисбат ба волидайн 175 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ки чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддист.

Бо вуҷуди пурзӯр намудани назорат аз болои иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” риояи муқаррароти онҳо беҳбудиро талаб менамояд.

Масалан, дар соли 2017 ва се моҳи соли ҷорӣ барои қонуншиканиҳо дар самти таълиму тарбияи фарзанд зиёда аз 23 ҳазор нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Дар ҳамин давра, танҳо аз марказҳои дилхушӣ қариб се ҳазор нафар ноболиғон аз тарафи мақомоти дахлдор боздошт шудаанд, ки аз бемасъулиятии баъзе падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон шаҳодат медиҳад.

Ҳоло шаҳрвандони мамлакатамон ба шарофати истиқлолият ва бо истифода аз муҳити сулҳу суботи комил ҳамаи фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд ва хуб медонанд, ки арзишҳои инсонпарваронаву сулҳхоҳонаи исломӣ ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги миллии мо – тоҷикон мебошанд.

Бинобар ин, фарзандони бонангу номуси миллат ва кулли шаҳрвандони кишвар вазифадоранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёрамон ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намоянд.

Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем. Мо бояд Ватанамонро баробари модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем ва онро ҳимоя кунем.

Мо вазифадорем, ки мушкилоти кишварамонро худамон бо заҳмати дастҷамъона бартараф созем, Ватанамонро обод ва давлатамонро пешрафтаву нерӯманд гардонем. Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд.

Яъне ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расонидани соҳаҳои илму маориф, тарбия кардани насли ояндасоз ва кадрҳои замонаи нав вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад.

Таъкид месозам, ки миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ба ҳамон андоза тараққӣ мекунад. Дар ин кори хайр, ки ояндаи осудаву ободи Ватани маҳбубамон аз он вобаста аст, ҳар як фарди баору номуси миллат, зиёиён, падару модарон, аҳли маориф, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, хулоса, кулли ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд. Хусусан, Шӯрои уламо, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва ҳамаи ходимони дин дар моҳи шарифи Рамазон ва моҳу рӯзҳои дигар низ ба мардум талқин намоянд, ки дар баробари пос доштани арзишҳои динӣ озодӣ ва сулҳу оромӣ неъмати бебаҳои зиндагист, муҳаббат ба Ватан шарти имондорист ва ба ҷо овардани шукронаи соҳибдавлатӣ низ аз ҷумлаи воҷибот мебошад.

Ҳамчунин, ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотирнишон месозам, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд.

Дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд.

Тавре мушоҳида мекунем, дар арафаи иду айём, алалхусус, идҳои Рамазону Қурбон баъзе ҳамватанони мо барои оростани дастурхони намоишкоронаи идона аз бозору мағозаҳо маҳсулотро чунон зиёд мехаранд, ки гӯё фардо дунё ба охир мерасида бошад.

Такроран таъкид месозам, ки чунин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, зиёдаравӣ ва исроф чизи дигаре нест. Чунин шахсон бояд донанд, ки ба андозаи зарурат муҳайё кардани маводи ғизоӣ, худдорӣ кардан аз исрофкорӣ ва оростани дастурхони камхарҷи маънавӣ барои аҳли хонаводаву хешу табору ҳамсояву дӯстон савобу манфиати зиёд дорад.

Мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамватанони азизамон боз як масъалаи муҳимро бори дигар хотиррасон намоям.

Камбориш омадани тирамоҳу зимистони гузашта ва боду ҳавои гарми баҳори имсола, яъне хушксолӣ ба ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва соҳаи чорводорӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон, яъне вилояти калонтарини истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ ва ноҳияву минтақаҳои дигар бетаъсир намемонад.

Тибқи таҳлилҳо ҳаҷми захираҳои оби дарёҳои кишвар нисбат ба меъёри ҳарсола чор-панҷ баробар кам мебошад. Чунин вазъ моро водор месозад, ки ба истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, дар заминҳои обӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Дар чунин шароити буҳронии олам мардуми шарифи мо бояд аҳкоми шариатро доир ба зарари исрофкорӣ фаромӯш накунанд, боз ҳам сарфаю сариштакор бошанд, ҳангоми доир намудани тӯю маърака ва дигар маросиму ойинҳо, аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон ба тақлиду намоишкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надода, муқаррароти Қонуни миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро қатъиян риоя намоянд.

Ҳамватанони азизи мо ҳамеша дар хотир бояд дошта бошанд, ки риояи муқаррароти қонуни мазкур танҳо ба манфиати ҳар як оила, зиндагии боз ҳам осудаи ҳар хонавода, яъне беҳбуди сатҳу сифати зиндагӣ ва шароити беҳтар барои таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

Ҳадафи қабули тағйиру иловаҳо ба қонуни зикршуда низ, ки қариб як сол пеш сурат гирифт, маҳз аз ҳамин иборат мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар огоҳ мекунам, ки тибқи таҳлилҳо тирамоҳу зимистони дарпешистода хеле барвақт, тӯлонӣ ва сард меояд.

Аз ин лиҳоз, ҳар як оила, ҳамаи сохтору мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ва дар навбати аввал муассисаҳои иҷтимоӣ бояд аз ҳоло ба зимистон омодагӣ бинанд.

Илова бар ин, зарур аст, ки ҳар оила захираи дусолаи маҳсулоти озуқа ва маводи сӯхтро дошта бошад.

Итминони комил дорам, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.

Дар охир Дастгоҳи иҷроияи Президентро вазифадор месозам, ки иҷрои дастуру супоришҳои додашуда ва риояи ҳатмии интизоми давлатиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар хонавода саодату хушрӯзӣ, ризқу рӯзии фаровон, рӯзгори осуда, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ободиву пешрафти рӯзафзун орзумандам.

Саломату сарбаланд бошед!

барчасп: