Таъмини бехатарии одамон дар махзанҳои оби вилояти Хатлон

Дар остонаи мавсими шиноварӣ ва оббозӣ ва бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар махзанҳои оби вилояти Хатлон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вилоят бо фаъолони шаҳри Бохтар мулоқоти таблиғотӣ баргузор карданд.

Кормандони раёсат муҷаҳҳазии минтақаҳои истироҳат бо нишонаҳои бехатарӣ ва сутунҳои таблиғотӣ, ҳолати онҳо, муҷаҳҳаз будани маконҳои шиновариву оббозӣ бо таҷҳизоти наҷот ва кори идораҳои наҷотро зери назорат доранд. 

Ин гуна чорабиниҳо пайваста ва ҳамеша гузаронида мешаванд. Дар наздикии шаҳр махзанҳои об зиёданд, вале оббозӣ на дар ҳама ҷо мумкин аст. Кормандони Раёсати КҲФ ба сокинон ҷойҳои барои оббозӣ муайяншударо нишон медиҳанд ва дар бораи қоидаҳои бехатарии ҳузур дар махзанҳои обро низ меомӯзонанд. 

Кормандони раёсат дар ин мулоқот ба фаъолон шумораи телефонҳои хадамоти фавриро ёдрас карданд, то дар мавридҳои зарурӣ фавран иртибот гиранд.

Дар поёни мулоқот ба ширкаткунандагон варақаҳои таблиғотие тақсим карда шуданд, ки аз ҷониби мутахассисони Кумита омода шуда буданд.

барчасп: