Боз борон ва боз раъду барқу жола. Зарфи чанд рӯзи оянда бар асари ҳавои номусоид ва боришоти зиёд ҳатто сатҳи оби рӯдхонаҳо эҳтимолан боло раванд. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳед: ЭҲТИЁТРО РИОЯ КУНЕД!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки Тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзҳои оянда ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Дар қисмати бештари мамлакат борон меборад, раъду барқ мешавад ва жола меояд. Хатари задани чароғак, омадани сел ва сангрезиш таҳдид мекунад.
Ҳавои номусоид сабабгори мушкилот дар чаронидани чорво дар саҳро ва роҳандозии корҳои саҳроӣ мешавад. Бар асари боришоти зиёд эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо зиёд аст.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар рафтан ба махзанҳои об, оббозӣ ва моҳидориро тавсия намедиҳад.
Кумита бо камоли эҳтиром хоҳиш мекунад тадбирҳои асосии бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз рафтан ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар рустаниҳои хоҷагии қишлоқ, ки дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ варзанд.
Кумита ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои дилу фишори хунанд тавсия медиҳад, ки эҳтиёт кунанд ва бо худ меъёри доруҳоеро, ки духтурон тавсия додаанд, дошта бошанд.