Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

9 майи соли 2018 соати 15:41 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 275 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ буда, қувваи заминларза дар марказ 6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод. Бар асари заминларза дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.

Танҳо дар иншоотҳои ёрирасони ноҳияҳое, ки дар наздикии маркази заминларза қарор доранд, таркишҳои на он қадар калон ба назар мерасанд.

барчасп: