Ҳалокати ду писарбача аз боди шадид дар ноҳияи Вахш

Боди шадиди рӯзҳои охир дар баъзе минтақаҳои кишвар ба хоҷагиҳо зарар расонд. Дар ноҳияи Вахш ду ноболиғ, ки дар саҳро чорво мечарониданд, бар асари чаппа шудани новаҳое, ки паси онҳо паноҳ бурда буданд, ба ҳалокат расиданд. Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда аз падару модарон ва калонсолон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад: КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД!

6 – уми майи соли 2018 боронҳои пай дар пай сабабгори омадани сел шуданд.  Лойобаи вазнин ба 10 қитъаи наздиҳавлигии сокинон дар қаламрави деҳаҳои Пешқадам, Меҳнат, Зархези ноҳияи Вахш зарар расонд. Ҳалокати одамон ва чорво бар асари омадани сел дар ин минтақаҳо ба қайд гирифта нашудааст. 

Барои бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сафарбар шуданд. 

Ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми зарар дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия фаъолият мекунад. Корҳои пешгирӣ ва барқарорсозӣ гузаронида мешаванд, ҳамчунин ба роҳандозии ин корҳо аҳолии маҳал ҷалб шудаанд.  

Дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Вахш ба ду ноболиғ ҳодисаи нохуш рух дод. Вақте боди сахт ба вазидан оғоз кард, ин бачаҳо чорво мечарониданд. Онҳо паси новаҳои ба ҳас часпида паноҳ бурданд, вале шиддати шамол ин новаҳоро ба болои бачаҳо чаппа кард. Аз зарби он ва бар асари ҷароҳати расида ноболиғон ба ҳалокат расиданд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ муроҷиат мекунад ва бо эҳтиром хоҳиш менамуояд кӯдаконро беназорат нагузоранд.

барчасп: