Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи бахши ҳамгироии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОС)

Аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷаласаи бахши ҳамгироии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОС) баргузор гардид, ки дар кори он вазирон ва роњбарони маќомоти дахлдор, намояндагони парлумон ва шаҳрдорон, намояндагони Низоми СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи иҷтимоӣ ширкат варзиданд. 

Ҷаласаи баландпоя ба мавзӯи “Ҷамъиятҳои инноватсионӣ: истифодаи технология ва инноватсия барои бунёди ҷомеаи устувор ва мустаҳкам” бахшида шуда, дар он масаъалаҳои бунёди ҷомеаи устувор, истифодаи технологияи муосир алайҳи офатҳои табиӣ, рушди инфрасохтор ва устуворӣ, стратегияҳои миллӣ барои бунёди ҷомеаҳои устувор, мавриди баррасї ва муњокима ќарор дода шуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Муовини Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ љаноби Лю Чжэнмин оғоз гардид. Ба њайати намояндагони Тољикистон муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Рустам Шоҳиён низ шомил гардида, дар кори љаласа иштирок ва дар мавзӯи “Технология ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ”, маърӯза намуданд. Номбурда оид ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ёдрас шуда, ба иштирокчиён дар бораи таҷрибаи кишвар дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ бо истифода аз технологияҳои муосир маълумот пешнињод карданд.

Дар ин росто, муовини Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон И. Камолиддинзода дар суханрониашон сариваќтї ва муњимияти пешнињодњои Пешвои миллатро дар бораи истифодаи оќилонаи захирањои об дар тамоми олам ба иштирокчиёни љаласа арзёбї намуда, моњияти ќабули ќарорро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва дар ин раванд бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои обӣ барпо кардани ҳамкориҳоро байни кишварњо ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.

Ширкаткунандагони чорабинӣ аксаран дар бораи истифодаи васеи технологияҳои муосир барои рафъи мушкилоти кишварҳояшон дар рафъи офатҳои табиӣ табодули ақида намуданд.

барчасп: