Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳаи пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар назди обанборҳо ва ҳолатҳои ғарқшавӣ, расонидани ёрии аввалия ва риояи қоидаҳои бехатарӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии миёнаи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода истодаанд.
Ҳамин тавр, мутахассиони Кумита дар байни толибилмон ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи И.Сомонии ш.Душанбе вохӯрӣ дар ба мавзӯи «Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар мавзеъҳои шиноварӣ, ҳодисаҳои нохуш ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ғарқшудагон» баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ қариб 50 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ ширкат варзиданд.
Тибқи нақша-чорабиниҳо кормандони Кумита бо мақсади хубтар дарки мавзуъ бо истифода аз усулҳои гуногун, аз ҷумла - саволу ҷавоб, бозиҳои гуногуни шавқовар, намоиши расмҳо, амалӣ нишон додани ёрии аввалини тиббӣ ба ҷабрдида, машғулият баргузор намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба иштирокчиён 50 адад китобчаҳо доир ба мавзӯи «Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда» тақдим карда шуд.
Чунин вохурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд низ баргузор гашт.