Маҷмуи чорабиниҳои вобаста ба бартарафсозии омадани сел

Таи чанд руз охир бороноҳои пайдарпай, ки дар баъзе аз ноҳияҳои мамлакат ҳукмфармост, баландшавии сатҳи оби дарёҳо шуда, сабабгори омадани сел гаштанд.

Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Файзобод сатҳи оби дарёҳо баланд гашта, миқдори зиёди сангу лой роҳи автомобилгардро баста, баъзе аз деворҳои иншоотҳои ёрирасони аҳолиро шуста, қисман майдонҳои наздиҳавлигии аҳолиро вайрон карданд.

Айни замон вазъият дар мамлакат устувор буда, минтақаҳои хавфнок зери назорат гирифта шудааст.Корҳои пешгирикунанда ва барқарорсозӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Зайнабободи ноҳия Рӯдакӣ идома доранд. Барои гузаронидани ин чорабиниҳо қувва ва воситаҳои КҲФ ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияҳо ҷалб гаштаанд.

Инчунин, барои гузаронидани корҳои бартарафсозӣ аҳолии маҳалӣ низ саҳми худро гузошта истодаанд.

барчасп: