Рӯйдодҳои олам: куштаҳои тӯфони Филиппин ва садамаи маргбори автобус дар Маскав

Гирдбоди шадид дар Камчатка сокинонро нигарон кард, дар мактабҳо дарсҳоро қатъ карданд, роҳҳо баста шуданд. Инфиҷорҳои хунрез дар Кобул, садамаҳои маргбор дар чандин шаҳри олам, оташсӯзиҳои харобиовар, барфрезии шадид, хавфи тарма дар роҳҳо, яхбандиҳои бесобиқа...

Ҳамаи инҳо хабарҳое ҳастанд, ки дар чанд соати охир расонаӣ шуданд.

Шумори қурбониёни тӯфони Филиппин ба 240 нафар расид

Тӯфони “Тембин” дар Филиппин сабагори марги 240 нафар шуд.  Дар ин бора ахиран ВВС хабар дод.

Бино ба хабарҳои расмӣ беш аз 100 нафар бенишон нопадид шудаанд ва аз онҳо то ҳол иттилое нест.  

ВВС ҳамчунин иттилоъ додааст, ки бар сари тӯфон тақрибан 75 ҳазор филиппиниҳо бехонаву ҷо монданд.

Тӯфон ҳамчунин ба иншоотҳои зиёди саноатӣ ва майдонҳои кишти шолӣ зарар расонд. 

Дирӯз аз ҳалокати бештар аз 200 нафар бар асари тӯфони “Тембин” хабар дода мешуд. Аммо ҳукумати маҳаллӣ мегуфт имкони афзоши қурбониён зиёд аст.

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки бар асари оташсӯзӣ дар як маркази харид дар Филиппин эҳтимол 37 нафар кушта шуданд. Оташнишонон соатҳо талош краданд, то ин сӯхторро, ки аз табақаи саввум шуруъ шудааст, хомӯш кунанд.

Президенти Филиппин бо хонаводаи касоне, ки эҳтимол меравад афродашон дар ин оташсзӣ қурбон шудаанд, мулоқот кард. Сарвари ин кишвар гуфтааст, ки сабабҳои ин оташсӯзӣ таҳқиқ мешавад.

Панҷ куштаву 15 захмии як садамаи автобус дар шаҳри Маскав

Дар Маскав автобуси пур аз одам вориди гузаргоҳи зеризаминӣ дар истгоҳи метрои Славянский булвар шуд, ки бар асари он 5 нафар ҳалок ва беш аз 15 тани дигар ҷараҳат бардоштанд.

Гуфта мешавад, ки ин автобус бо хатсайри  SK (818Е) дар ҳоли ҳаракат буд ва вориди гузаргоҳ шуда, дар зинаҳои он дармонд. 

 “Интерфакс”  истинодан ба манбаъҳои худ гуфтааст, ки ронандаи мошин боздошт шудааст ва ҳолати вай имкон медиҳад, ки мавриди пурсиш қарор гирад. 

Ронанда дар пурсиши аввалин гуфтааст, ки вақте автобус аз роҳ хато рафт, ҳама корро кард, ки онро нигоҳ дорад, вале натавонист кореро анҷом диҳад.

Дар бораи шахсияти ронанда ҳамсоягонаш гуфтаанд, ки инсоне аст наменӯшад, ҳаддиақал касе ӯро сархӯш надидааст ва безарару хушахлоқ аст.

Пулиси Макав эълон кард, ки ҳоло ҳамаи фарзияҳо мавриди тафтишу санҷиш қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, ки чанде пештар дар ҷумҳурии Комии Русия бар асари чаппа шудани  автобуси сайёҳон 12 нафар, аз ҷумла чор кӯдак ҷароҳат бардошта буданд. 

Гирдбод дар Камчатка: роҳҳо баста, дарсҳо дар мактабҳо қатъ шуданд

Дар Камчатка бар асари гирдбоди шадид, ки шаби душанбе дар ниҷазира рух дод, парвози ҳавопаймоҳо қатъ шуд, роҳҳо масдуд шуданд, дар мактабҳо дарсҳоро қатъ карданд.

Бино ба маълумоти обуҳавосанҷҳо  ноҳияҳои Петропавловск-Камчатский, Вилючинск, Елизовский, Уст-Болшерецкий, Милковский, Уст-Камчатский, Соболевский ва Алеутский зери таъсири гирдбод монданд. Имрӯз, сешанбе интизор меравад, ки дар баъзе маҳалҳои ин минтақа барфи шадид борад, роҳҳо ях банданд ва аз ғарами барф ҳаркат дар ин роҳҳо барои мошинҳо мушкил шавад.

Командони хадамоти наҷот аз ронандагон хоҳиш кардаанд, ки аз сафарҳои бемаврид худдорӣ намоянд. Дар баъзе қисмати роҳҳо аз сабаби тирагии ҳаво ҳаракат мошин мушкил аст.

Барои эҳтиёт дар мактабҳо таътили муваққатӣ эълон карданд.

Обуҳавосанҷон мегӯянд ин ҳавои номусоид то рӯзи чоршанбе боқӣ мемонад. Дар роҳҳои куҳӣ хавфи лағзиши тарма зиёд аст. Ба ҷаҳонгардон тавсия додаанд, ки дар ин рӯзҳо ба сафар ба ин манотиқ худдорӣ кунанд.

барчасп: