Газидани ҳашаротҳоро ба 2 гурўҳи калон ҷудо кардан мумкин аст: газидани ҳашаротҳои пардабол (хомўшак, занбўр, ору, говзанбўр, хармагас) ва тортанакшаклон (ғунда, каждум, кана).
Баъд аз газидани ҳашарот, бадани инсон аксуламал нишон медиҳад: сурхшавӣ, варам, дард ё хориш, сўзиши сахт дар ҷойи газида.
Газидани пардаболҳо
Ба ҳама маълум аст, ки ҳатто газидани як занбўр, ору ва монанди инҳо ба марг оварда мерасонад. Заҳри онҳо барангезандаи сахти бемории аллергия ба шумор меравад. Ҳодисаҳое буданд, ки аз газидани як ҳашароти пардабол аз гардан, одам давоми 20 дақиқа ҳалок шуда буд.
Ба бадани инсон заҳр тавассути газидан ворид мешавад, ки ба омос ва сурхшавии пўсти бадан оварда мерасонад. Вақти газидани ҳашарот одам дарди сахтеро ҳис мекунад, баъд аз якчанд дақиқа дард мегузарад.
Ёрии аввалин – неши заҳрдори ҳашаротро бароварда, ҷои газидаи ҳашаротро бо маҳлули спирт ва бо йод тоза кардан лозим аст. Дар ҷойи нешзадаи ҳашарот лой гузоштан мумкин нест, зеро ки ба сирояти бактерияҳои касалиовар оварда мерасонад.
Барои паст намудани таъсироти заҳрноки нешзанӣ, метавонед ба ҷои маҳлули спирт ё йод порчаи қанди сафедро истифода баред, ки ба ҷаббиши заҳр аз захм ва пешгирии варам мусоидат мекунад.
Агар ба одам оилаи занбўр ё ору ҳамла намояд, бадан заҳролуд шуда, ҳарорат баланд мешавад, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ба вуҷуд меояд.
То омадани табибон ба зарардида зиёдтар нўшокӣ дода, хобонидан лозим аст, дар ҷои варам грелкаи хунук ё сачоқи ба об таркардашударо мондан лозим аст.
Газидани ҳашарот аз сар, забон ё ин, ки раги хунгард оқибати марговар дорад.
Тадбирҳои эҳтиётӣ
- Занбўрҳо, оруҳо, хармагасҳо дар ҷустуҷўи хўрок ба манзилҷойҳо ворид шуда метавонанд – лозим аст, ки тирезаҳо, дарҳо бо тўр маҳкам карда шаванд, то ҳашаротҳо гузашта натавонанд.
- Ору ва занбўрҳоро бўи гулҳо ва сабзавоти пўсида ҷалб мекунад – бе зарурат ҷойҳои ҷамъшавии ҳашароти нешдор наравед. Ҳудуди рафтуомад ва тухмгузории ҳашаротҳо, оруҳо, занбўрҳо, мурчаҳо ва монанди инро ёфта нобуд созед.
- Пиёлаи нўшокиро (шарбат, чой, қаҳва) кушода мондан мумкин нест.