Ҳасани Руҳонӣ- Раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки масъулини биноҳое, ки дар зилзилаи якшанбешаби гузашта фурӯ рехтаанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Сарвари Эрон ба он биноҳое ишора кард, ки дар ин заминларза аз бесифатӣ зиёдтар тахриб шудаанд. Намояндаи Кирмонҳош дар Маҷлиси Эрон низ иттилоъ додааст, ки аллакай ҳукми боздошт ва ҳабси паймонкори бемористоне дар шаҳри Сари Пули Заҳоб, ки дар ин заминларза шадидан осеб дид, содир шудааст.
Раиси ҷумҳури Эрон зимни боздидаш аз макони заминларза ба ду иншооте ишора кардааст, ки яке фурӯ рехтаву дигар побарҷо буд.
Тибқи охирин оморҳо дар заминларзаи шаби якшанбеи гузашта беш аз 430 нафар кушта ва наздик ба 8 ҳазор тани дигар захмӣ гаштаанд.
Бар асоси ин гузориш теъдоди куштаҳо дар Сари Пули Заҳоб 314 нафар, Қасри Ширин 28 нафар, Кирмоншоҳ 25, Исломободи Ғарб 22 нафар, Салот 15 тан ва Ҷавонруд 3 нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Пештар хабаргузории давлатии Эрон ИРНА теъдоди кушташудагонро 530 нафар эълон карда буд, аммо баъдтар ин рақам ба 432 нафар иваз гардид.
Теъдоди зиёди хонаҳо дар ин шаҳрҳо вайрон шуда, мардум ду шабро дар сардиҳои берун рӯз кардаанд. Як созмони кумакарасонӣ ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки ҳоло беш аз 70 ҳазор нафар дар устони Кирмоншоҳ ба хонаву макони нав эҳтиёҷ доранд
Ҳасани Руҳонӣ рӯзи сешанбеи гузашта, ки дар Эрон рӯзи мотам эълон шуда буд, аз манотиқи офатзада дидан ба амал овард ва гуфт, ки давлат ба касоне, ки хонаҳояшон вайрон шудааст, кумаки молӣ мекунад ва ҳар касеро, ки маълум шуд қоидаҳои биносозиро дар вақти сохтани хонаҳо риоя накардааст, ба ҷазо мекашад.
Ҳасани Руҳонӣ дастур додааст, ки комиссиюни вижа вазъро омӯзад ва мушаххас кунад, ки ба кадом иллат биноҳое, ки ниҳодҳои давлатӣ сохтаву муҳлати истифодаашон нагузаштааст, осеби сахт дидаанд. Ваъда додааст, ки давлат ин қазияро то охир пайгирӣ ва омилони сохтмонҳои пастсифату пуршикастро ҷазо хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол Ҳашматуллоҳ Фалоҳат-намояндаи пешини Исломободи Ғарб дар Маҷлиси Эрон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки бемористони дар ин шаҳр фурӯрафта нав сохтаву ба истифода дода шуда буд ва он дар пайи вуқуъи заминларза фурӯ рафт, аммо бемористони Имом Хумайнӣ, ки аз умраш даҳсолаҳо гузашта, камтар тахриб шудааст.
Ин бемористон каме пештар бо маблағи даҳҳо миллиард тумон сохтаву муҷаҳҳаз шуда буд.
Маврид ба ёдоварист, ки шаби якшанбеи гузашта заминларзаи шадид устони Кирмоншоҳи Эрон ва бахше аз шаҳрҳои Ироқро лазонд. Ин офати табиӣ дар ду кишвари ҳамсоя ҳудудан 150 миллион танро нигарон кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқия ба ҳамтои эронии худ Ҳасани Руҳонӣ изҳори ҳамдардӣ кард ва навишт: “Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Эрон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон тасаллиёти самимии хешро арз менамоям ва аз даргоҳи Худованди мутаъол барояшон сабри ҷамил хоҳонам. Ба осебдидагон шифои комил орзумандам».