Тӯфони “Дамри” дар Ветнам бештар аз 60 нафарро кушт

Бар асари тӯфони "Дамри", ки рӯзҳои истироҳати гузашта қисмати марказии Ветнамро дар бар гирифт, 61 нафар ҳалок гардида, 28 нафар бенишон гум шудаанд. Беш аз 2 ҳазор хона пурра вайрон шуда, бештар аз 80 ҳазор хонаи дигар қисман осеб дидаанд.

Бино ба иттилои ТАСС бештар аз 30 ҳазор нафар ба умеди наҷот аз минтақаи хатар фирор карданд. Як қитъаи беш аз 30-километраи роҳи оҳан, ки шимол ва ҷануби кишварро ба ҳам мепайваст, низ зери об мондааст

Бар асари ин офат бисёре аз навоҳии атроф бе қувваи барқ монданд. Бештар аз ҳазор ёдгориҳои таърихӣ зери об шуданд.

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки ба ҷадвали баргузории ҷаласаи ҳамкориҳои иқтисодии  кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором, ки аз 6 то 11 –уми ноябр дар Ветнам гузашта истодааст, тағйирот ворид накарданд. 

Гуфта мешавад, ки "Дамри" 12-умин тӯфони харобиовари Ветнам зарфи ду даҳсолаи охир аст, ки беш аз дигар тӯфонҳо хисороти бештар овардааст.

барчасп: