Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дурӯзаи омӯзишӣ-методӣ барои мутахассисони Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд оғоз шуд.
Ҳадафи ин омӯзиш такмили донишҳои кормандон барои омодагии аҳолӣ дар самти ҳимоя аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мебошад.
Дар ҷараёни ин дарсҳо вазъи ҳолатҳои фавқулодда дар нуҳ моҳи ахири соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ, иллатҳо ва оқибатҳои он, қоидаҳои ташкил ва истифодаи захираҳои моддӣ барои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, Барномаи омодагии садамавӣ ва ҳимояи радиатсионӣ дар солҳои 2013-2017, тартиб ва андозаи кумаки яквақта ба аҳолии зарардида аз офатҳо, ташкил ва баргузории корҳои интиқол аз манотиқи офатзада ва ё пурхавф ба ҷойҳои амн, иншоотҳои ҳимоявӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо, сабаҳои фурӯравии соҳилҳо, арзёбии зарар ва ғайра баррасиву таҳлил шуданд.
Дар рафти омӯзиш ҳамчунин қарор аст масъалаҳои методӣ ҳангоми ҳалли мушкилоти ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва сари вақт огоҳ намудани аҳолӣ, ҷойгир кардани техникаи махсус мавриди суҳбат қарор гиранд.