Имрӯз кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Фаронса таҷҳизотеро дарёфт карданд, ки одамони гумшуда дар вақти лағзиши тармаро меҷӯяд.
27 – уми октябри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани таҷҳизоти «Recco» барои наҷотдиҳандагони Кумита баргузор шуд.
«Recco» дастгоҳе мебошад барои ҷустуҷӯи одамон ҳангоми тарма.
Ин таҷҳизот аз ҷониби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар супурда шуд.
Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо изҳори ташаккур ба Сафири Фаронса дар Тоҷикистон иброз дошт, ки бисёр вақт ҳангоми наҷоти одамон худи наҷотбахшон дар минтақаи хатар мемонанд ва ин таҷҳизот сатҳи бехатарии кормандонро ҳангоми роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, бахусус дар вақти зимистон ва ҳангоми лағзиши тарма боло хоҳад бурд.
Хонуми Сафир зимни суханронии худ изҳор дошт, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар Тоҷикистон ба ниҳоди наҷоти кишвар таваҷҷуҳи хос дорад, чун хуб медонад, ки кормандони ин Кумита чӣ масъулияти бузургеро рӯйи шонаҳои худ доранд.
«Ҳукумати Фаронса ҳамкориҳои зичи худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда идома хоҳад дод”,- иброз дошт Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Геудар.
Қайд шуд, ки соли 2018 ҳамкориҳои КҲФ ва Фаронса дар доираи ташкили давраҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои тактикии роҳандозии корҳои наҷот ҳангоми заминларзаҳо, резиши санг, омадани селу лағзиши тарма, омӯзиш додани кинологҳо ва расонидани кумакҳои техникӣ идома хоҳанд ёфт.