Бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум “Дар бораи ҳамкориҳо дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим”, ки моҳи майи соли 2017 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ имзо шуда буд, имрӯз дар КҲФ маросими супурдани техника барои Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Кумита баргузор шуд.
Дар ин маросими таҳвили таҷҳизот Раиси Кумита Рустам Назарзода ва Директори Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон Паоло Маттей ширкат карданд.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо изҳори ташаккур аз ин пуштибонӣ зикр кард, ки ин таҷҳизот ба беҳбуд ва такмили пойгоҳи техникии маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ равона шудааст ва он дар навбати худ имкон хоҳад дод кор дар тартиб додани таҳлил ва пешбинӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии онҳо хубтар ба роҳ монда шавад.
Дар навбати худ ҷаноби Паоло Маттей қайд кард, ки “Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади коҳиши хатарҳо ва идораи вокуниш ба фалокатҳои эҳтимолӣ ва расонидани кумакҳо ба шаҳрвандони нисбатан осебпазир ва беҳимояи Тоҷикистонро идома медиҳад”.
Таҷҳизоти мазкур дар шакли техникаи идоравӣ ва комютерӣ, ҳамчунин дигар абзори зарурӣ барои таҳкими пойгоҳи техникии имкониятҳои маркази таҳлилии КҲФ зарур аст. Ҳамчунин он зарфиятҳои марказро дар самти системаи геоиттилоотӣ, картографӣ ва таҳлили таҳқиқоти фосилавӣ баланд мебардорад.
Қарор аст то охири соли равон аз ҷониби Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ дигар воситаҳои техникии зарурӣ барои фаъолияти пурсамари Маркази иттилоотӣ-таҳлилии КҲФ супурда шавад.