Имрӯз дар кишвар, бахусус дар манотиқе аз вилоёти Суғду Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ боди шадиду гарду чанг боқӣ мемонад. Сокинон ва меҳмонони кишвар бояд хеле эҳтиёткор бошанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар сокинонн ва меҳмонони мамлакатро огоҳ мекунад, ки 18-уми октбяри соли равон дар як қатор ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шиддати шамол дар назар дошта шудааст.
Шамол дар як сония 18-23 метр мевазад ва дар баъзе манотиқ суръати вазиши бод 12-17 метр дар як сония мебошад. Шамолҳои шадид чангу гардро ба ҳаво мебардоранд.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад дар чунин боду ҳаво дар роҳандозии корҳои саҳро хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус, аз рафтан ба шикоргоҳ ба қасди шикор ва доманакуҳҳо барои чидани ҳезум худдорӣ варзанд.
Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳатҳо бо дучархаҳоро лозим меояд ҳангоми убур аз роҳҳои куҳӣ масофа миёни нақлиётро риоя кунанд, чангбод метавонад равиши мошинҳоро ҳам ба душворӣ рӯ ба рӯ созад. Ҳамзамон бо ин резиши санг низ аз эҳтимол дур нест.