Маркази таълимию методии Кумита дар якҷоягӣ бо Раёсати омўзиши ва «Наҷотдиҳандагон»-и Кумита бахшида ба Рўзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо хонандагони Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии ш.Душанбе № 52-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқт карданд.
Кормандони Кумита дар оғоз оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ суҳбат карданд ва бо расмҳо ва наворҳои видеоӣ нишонаҳои ин ҳолатҳо ва офатҳоро нишон доданд. Дар мавриди оқибатҳои нохӯш ва баъзан фоҷеабору ҳалокатовари офатҳои табиӣ ҳарф заданд.
Сипас, дар майдончаи таълимии муассиса машқҳои наҷоти офатзадагон гузаронида шуд. Ҳамчунин ба онҳо доир ба таҷҳизоти наҷот ба тариқи назариявӣ сўҳбат гузарониданд ва амалӣ нишон доданд.
Ифтитоҳи мулоқот.
Машғулият оиди коҳиши хавфи хатар.
Дарси амалӣ: таҷҳизоти наҷот дар хизмат.
Мудофиаи гражданӣ, таҷҳизоти наҷот.
Истифодаи таҷҳизоти наҷот.