Дар доираи татбиқи вазифаҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар чорабиниҳои вижа мегузаронанд ва корҳои пешгирӣ аз хатари офотро роҳандозӣ мекунанд.
Чунончӣ, дар боғи марказии ноҳияи Лахш бо ширкати раиси ноҳия, Сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияҳои водии Рашт, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сардорони шуъбаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи муҳити атроф, хоҷагии ҷангал, донишомӯзон ва муаллимони муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ дар ҳамкорӣ бо созмони Агроаксияи Олмон ва Хазинаи Шафқат чорабинӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ ба сокинон дар бораи мафҳум ва таърихи Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо нақл карданд, наҷотдиҳандагони Ситод машқҳои наҷоти одамони зери хатармондаро бо истифода аз техникаи мавҷуд нишон доданд, ба мардум тавсия доданд, ки дар кадом ҳолати фавқулодда бояд чӣ гуна ҳаёти худ ва атрофиёнро аз хатар наҷот диҳанд.
Ҳамчунин миёни хонандагон озмуни тасвири беҳтарин дар мавзуъи амалкардҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва тадбирҳо барои раҳоии ҷони одамон аз ин хатарҳо гузаронида шуданд.
Қарор аст рӯзи 13-ум ин озмун идома ёбад ва ҷамъбаст шавад. Ғолибонро шаҳодатномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ интизоранд.