Генерал Назарзода хостори риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шуд

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори риояи бечунучарои интизоми ҳарбиву хидматӣ дар Кумита шуд. Рустам Назарзода, ки ахиран дар ҷаласаи коллегияи Кумита оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа дар ҳузури ҷамъе аз роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳову сарварони Ситодҳо ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ сухаронӣ мекард, идомаи роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ, ҳамчунин ба анҷом расонидани омодагии воситаҳои техникӣ ба мавсими зимистонро аз ҷумлаи масъалаҳои аслии моҳҳои оянда донист.

Ин ҷаласа таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал – лейтенант Рустам Назарзода баргузор шуда ва дар он роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавӣ, ситодҳои як қатор ноҳияҳо, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ширкат намуданд. 

Дар бораи ҷамъбасти корҳои Кумита ва воҳидҳои сохтории он дар самти ҳимояи аҳолӣ  ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ сардори Раёсати Кумита оид ба ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд, полковник Ҷ.Камолов суханронӣ кард. 

Вай зикр намуд, ки зарфи нуҳ моҳи охир дар қаламрави кишвар 89 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар миёни онҳо тарма ва заминларза афзалият доштанд. 

Полковник Камолов ҳамчунин иброз дошт, ки ба шарофати сари вақт расидани кӯмакҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон ҳамаи оқибатҳои ин ҳолатҳои фавқулодда бартараф карда шудаанд. Барои беҳбуди кор дар самти огоҳсозии аҳолӣ дар бораи офатҳои табиӣ қарор қабул шуд, ки  корҳои иттилоотӣ-таблиғотӣ дар миёни аҳолӣ густариш дода шуда, барои ин ҳамаи  нерӯ ва воситаҳо истифода шаванд, ҳамкориҳои зич бо васоити ахбори омма, расонаҳои дохиливу хориҷӣ таҳким дода шавад.  

Сардори раёсати омӯзиш ва омодасозии аҳолӣ, полковник М.Ҳалимов дар масъалаи дуюм суханронӣ намуда, қайд кард, ки зарфи 9 моҳи соли равон тибқи нақшаи тасдиқшуда дар миёни аҳолӣ 31 омӯзиши тактикӣ ва дарсҳо оид ба мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд. 

Дар ҷаласаи коллегия Раиси Кумита пешниҳод кард, ки курсҳои омӯзишӣ барои роҳбарони вазорат ва идораҳои кишвар, ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, вилоятҳо ва ноҳияҳо оид ба мудофиаи гражданӣ аз сар гирифт ашавад. 

Дар ҷаласа ҳисоботи сардори раёсат оид ба корҳои Кумита, полковник Э.Аюбзода дар бораи ҳолати назорат барои иҷрои саривақтии Қарорҳои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои коллегия, ҷаласаҳои фаврӣ мубодилаи ҳуҷҷатҳо зарфи 9 моҳ шунида шуд.

Барои ислоҳи баъзе камбудиҳои ошкоршуда Раиси Кумита дастурҳои мушаххас дод. 

Дар суханронии худ Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода қайд кард, ки яке аз вазифаҳои асоси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар давраи тирамоҳ ва зимистони дома додани роҳандозии корҳои пешгирӣ миёни аҳолӣ, ҳамчунин ба анҷом расонидани омодагии воситаҳои техникӣ ба мавсими зимистон, ба вуҷуд овардани захираҳои маводи сӯхт ва руғанҳои молиданӣ, маводи хӯрока ва дорувориву дигар воситаҳои кӯмаки тиббӣ мебошад. 

Дар ҷамъбаст Сарвари Кумита муҳим будани иҷрои супоришу дастурҳои Сардори давлат, аз ҷумла иҷрои бечунучарои вазифаҳои гузошташуда дар доираи барномаи давлатӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи пурсамари Барномаҳои қаблан қабулшуда таъкид намуд.

Рустам Назарзода ҳамчунин ҷиддан талаб кард, ки интизоми ҳарбӣ ва хизматӣ ҷиддану бечунучаро риоя шавад ва масъулияти шахсӣ ҳар корманди Кумита дар иҷрои вазифаҳояшон баланд бардошта шавад.