Тибқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо муддати ин ҳафта дар қаламрави кишвар як силсила чорабиниҳо, “мизҳои мудаввар”, мулоқотҳо, машқҳо роҳандозӣ мешаванд, ки дар болоравии сатҳи огоҳии аҳолӣ дар омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳад кард.
Муддати 28 сол аст, ки (1989) Рӯзи байналмилалии коҳиши хатар ҳар сол 13-уми октябр тибқи қарори Ассамблеяи Генералии СММ баргузор мешавад. Ҳадафи ин рӯз афзудан боло бурдани сатҳи огоҳиҳои сокинони Сайёра ба вокуниш ба офоти табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Чорабиниҳо тибқи нақшаи муштарак миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, вазоратҳо ва идораҳо, ҳамчунин як қатор созмонҳои байналмилалӣ аз ҷаласаи якҷоя оид ба арзёбии системаи экологии коҳиши хатари офатҳо оғоз гардид, ки дар Маркази Исмоилия миёни Кумита, Барномаи Рушди СММ бо ҷалби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Олмон баргузор шуд.
Бойд зикр кунем, ки дар кишвари мо Рӯзи коҳиши хатари офатҳо ин баҳонаи хубест, ки дар он бори дигар таваҷҷуҳи аҳолӣ ба масъалаҳои офатҳо ва ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда мешавад.
Офатҳои табиӣ хатари калоне мебошанд, ки ҳамасола таҳдид мекунанд ва он ба рушди кишвар, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ монеъа эҷод менамоянд. Аҳолии мамлакатро лозим меояд ҳамеша омодаи вокуниш ба ин офатҳо бошад, то аз хатароти бештари он ҷилавгирӣ шавад.