XI-умин мусобиқоти ҷумҳуриявии бисёрҳарба барои дарёфти “Ҷоми Кумита” ба поён расид

Бо мақсади такмили омодагии наҷотдиҳандагон дар роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, маъруфияти бисёрҳарбаи наҷотдиҳандагон чун намуди варзиш дар системаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми сентябр то 1-уми октябри соли равон XI-умин мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ оид ба бисёрҳарба дар миёни гуруҳҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти КҲФ барои дарёфти “Ҷоми Кумита” баргузор шуд. 

Дар ин мусобиқот 7 тим, дар ҳайати ҳар тим 6 нафар наҷотбахшони касбӣ, ки дар корҳои наҷот таҷрибаи ғанӣ доранд, ширкат карданд.

Тӯли ин муддат ширкаткунандагон маҳорати худро дар панҷ намуди бисёрҳарба: фосилаи корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ҳангоми садамаҳои техногенӣ, фосилаи корҳои ҷустуҷӯӣ дар табиат, фосилаи корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар об ва маҷмуъи машқҳо дар турник  ва давидан санҷиданд.  

Якуми октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ маросими анҷоми мусобиқот ва эътои ҷоизаҳо ба ғолибон баргузор шуд, ки дар он ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷ.Маҳмадзода ва сарварони воҳидҳои Кумита иштирок намуданд. 

Ҷойи аввал насиби Маркази таъиноти махсус оид ба иҷрои амалиётҳои наҷоти хатароти вижа шуд. 

Тими наҷотбахшони шуъбаи байниминтақавии Кумита дар минтақаи Рашт ҷойи дуюмро соҳиб гашт. 

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ ба дарёфти ҷойи сеюм мушарраф гаштанд. 

Ба тиме, ки ҷойи аввалро ишғол кард, Ҷоми Кумита тақдим шуд ва барои тимҳои дигар туҳфаҳои арзишманд ва дипломҳо тақдим шуданд. 

Наҷотбахшони худро ба муносибати натиҷаҳои арзанда муборакбод мекунем!