Як гуруҳ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҷумлаи пизишкони бемористон ва наҷотдиҳандагон дар миёни истироҳаткунандагони Кӯли Ҷавонони пойтахти кишвар чораҳои наҷот ва ёрии аввалин ба ғарқшудагонро тамрин карданд.
Дар доираи татбиқи Нақшаи КҲФ оид ба роҳандозии чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо наҷотдиҳандагон ва пизишкони бемористони Кумита дар Кӯли Ҷавонони шаҳри Душанбе чорабинии “Тобистони бехатар дар махзанҳои об” баргузор намуданд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ ба таваҷҷуҳи истироҳаткунандагон қоидаҳои бехатарӣ дар об фаҳмонида шуд. Ба онҳо гуфтанд, ки танҳо метавонанд дар ҷойҳои махсус иҷозатдодашуда оббозӣ кунанд.
Пизишкон ва наҷотдиҳандагон як дарси амалии наҷоти ғарқшудагонро нишон доданд ва шеваҳои аввалин ёрии тиббӣ ба зарардидаҳоро тамрин карданд.
Дар тамринҳо таҷҳизоти наҷот, ки дар ихтиёри ниҳодҳои наҷоти Кумита вуҷуд дорад, нишон дода шуданд.
Дар поёни чорабинӣ ба ширкаткунандагон китобчаву варақаҳои таблиғотӣ, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омода шудааст, тақсим карда шуд.