Даҳсолаи байналмилалии амали “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ба ҷойи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” меояд ва ба ҳамоҳангсозии ҳамаи талошҳо барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти алоқаманд бо захираҳои обӣ мусоидат мекунад. Ғайр аз ин Даҳсолаи нави амал корҳои боқимонда аз Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”-ро идома медиҳад ва комил мегардонад.
Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи роҳандозии корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ ба муносибати Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар ситоди КҲФ дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мулоқот сармутахассиси раёсати вазорати ёдшуда Зойир Набиев ширкат ва суханронӣ намуд. Вай қайд кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 чорумин ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаҳои об мебошад. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки ин даҳсола ва ин барномаи байналмилалӣ 22-уми марти соли оянда шуруъ мешавад ва 22-марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
Вай дар бораи моҳияти бузурги Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷумла гуфт: “Қабули муваффақонаи Қатъномаи мазкур боиси ифтихори тоҷикистониён буда, моҳияти ин амали бузургро бояд ҳама донанд, сарватҳои моддии кишварро ҳифз намоянд, сарфакорона истифода баранд, зеро оқибатҳои хатарноки ивазшавии иқлим, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон ба вайрон шудани низоми табиат оварда мерасонад”.
Даҳсолаи байналмилалии амали “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ба ҷойи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” меояд ва ба ҳамоҳангсозии ҳамаи талошҳо барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти алоқаманд бо захираҳои обӣ мусоидат мекунад. Ғайр аз ин Даҳсолаи нави амал корҳои боқимонда аз Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”-ро идома медиҳад ва комил мегардонад.
Дар хотима роҳбарони Ситод ба намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар барои маърӯзаи пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ намуданд.