Санҷиши ҳолати тайёрии ҳамаи воҳидҳои сохтории Системаи ягонаи таъмини омодагӣ ва тадбирҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи ваҳдат камбудиеро ошкор накард. Ин тамринҳо фарогир ва дар ду марҳила анҷом шуданд.
Бо мақсади санҷиши ҳолати тайёрии ҳамаи воҳидҳои сохтории Системаи ягонаи таъмини омодагӣ ва тадбирҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, ташкили интиқоли аҳолӣ аз ҷойҳои хатар ба макони амн гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ваҳдат тамрини густарда баргузор кард.
Омӯзиш дар ду зина роҳандозӣ шуд ва мавзуъ “Боронҳои шадид ва ярч” буд. Дар омӯзишҳо сокинони ноҳия ширкат карданд. Дар марҳилаи аввал тамрини фармондеҳиву ситодӣ барои ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ноҳияҳо, хадамоти роҳ, зидди сӯхтор, беҳдошт ва тиб ва дигар идораву муассисаҳое, ки шомили Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, баргузор шуд.
Дар марҳилаи дуюм масъалаҳои истифодаи гуруҳҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҷобаҷосозии нуқтаҳои муҳаррики идорӣ тамрин шуданд. Сенарияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи шартӣ бо назардошти хатарҳои эҳтимолӣ таҳия гардиданд.
Дар доираи тамринҳо корҳои омӯзишии садамавиву наҷот ва дигар амалҳои зарурӣ гузаронида шуданд. Тадбири омӯзишии интиқоли одамон ба макони амн, ки дар зинаҳои пешини тамринҳо муайян гардида буданд, низ машқ карда шуданд.
Ҳамзамон бо ин як силсила дидору мулоқот бо сокинон гузарониданд ва ба онҳо қоидаҳои бехатарӣ, эҳтиёт ҳангоми оббозӣ дар рӯдхонаҳо дар ин фасли гармо, беназорат нагузоштани атфол, амал ҳангоми заминнларза, обхезӣ, ярч, сел, раъду барқ ва ғайра корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни санҷиш камбудие дар фаъолияти сохторҳои воҳидҳои Системаи ягонаи таъмини омодагӣ ва чораҳои вокуниш дар ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ваҳдат ба қайд гирифта нашуд.