Давраи омӯзишии даҳрӯзаи такмили ихтисос барои афсарони ҷавон – хатмкунандагони мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус ба анҷом расид.
Дар як барномаи иборат аз 80 соати дарсӣ 22 нафар шунавандагони ин давраи омӯзишӣ дар мавзуъҳое, ки фаъолиятҳои Кумитаро ба танзим медароранд, самтҳои касбии сохторҳои он, ҳамчунин омӯзиши Низомномаи хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон лексияҳо шуниданд.
Барои афсарони ҷавон дарсҳои амалӣ оид ба корҳои наҷот, ҳимояи кимиёвӣ, расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ низ гузаронида шуданд.
Дар поёни омӯзиш ширкаткунандагон аз санҷиш гузаштанд.
Хатмкунандагони давраи омӯзишӣ барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба воҳидҳои мухталифи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фиристода шуданд.