Даҳ рӯзи оянда дар кишвар ҳаво шадидан гарм мешавад ва ҳарорати он то ба 44 дараҷа мерасад. Аз сабаби об шудани барфи баландкуҳҳо ва пиряхҳо болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва омадани сел аз эҳтимол дур нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обоуҳавонсанҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар даҳае сеюм (аз 20 то 30-ум)-и моҳи июли соли равон дар кишвар ҳавои гарму хушк дар назар дошта шудааст. Бино ба иттилоъи манбаъ гармии ҳаво то 44 дараҷа хоҳад расид.
Гармои шадид метавонад муҷиби об шудани барфҳо ва пиряхҳо гушта, сатҳи обро дар дарёҳои Панҷ ва Вахш боло барад. Аз сӯйи дигар ин сабаб хоҳад шуд, ки дар баъзе манотиқ сел ояд, резиши санг дар минтақаҳои куҳӣ низ аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷуимҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонон мамлакат муроҷиат мекунад, ки ҳангоми рафтан ба манотиқи куҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд.
Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ва ё шикор ҳамеша зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Кумита бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ҳангоми оббозӣ дар рӯдхонву ҳавзҳо ва истироҳат дар соҳили дарёҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Бахусус, бачаҳоро дар чунин рӯзҳо беназорат нагузоранд, ҷараёни будубоши онҳо дар соҳили рӯдхонаҳо ва ҳавзҳои оббозиро зери назорати ҷиддӣ гиранд.