Бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобила бо экстремизм ва терроризм дар солҳои 2016-2017” дар Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати шахсӣ бо ёвари калони Прокурори шаҳри Душанбе оид ба муқобилият бо терроризм ва экстремизм ва назорати қонуният дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Фаррух Насимов баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот дар масъалаҳои зуҳуроти манфии терроризм ва экстремизм посухҳои дақиқ дода шуданд.
Фаррух Насимов дар суханронии худ моҳияти сиёсӣ ва динии ҷараёнҳои экстремистӣ, талаботи қонунгузорӣ оид ба муқобилият ба экстремизм ва терроризм, масъулият дар ширкат дар фаъолиятҳои экстремистӣ ва террористиро фаҳмонд.
Ёвари Прокурор қайд кард, ки дар айни замон масъалаи мушкил паҳн намудани маводҳои экстремистӣ аз тариқи шабакаи ҷаҳонии “Интернет”, муқовимати иттилоотии густариши экстремизм ва радикализм миёни ҷавонон мебошад.
Дар хотима роҳбарияти Ситод ба ёвари прокурор барои ҳам мулоқот ва ҳам суҳбати пурмуҳтаво ва фарогир изҳори миннатдорӣ намуд.