Бар асари чаппа шудани як заврақм дар оби рӯдхонаи Панҷ дар наздикии деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз се нафар ғарқ шуданд. Дар ин заврақ касе аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда набуд ва хабари ҳузури кормандони Кумита, ки баъзе расонаҳо интишор доданд, дур аз воқеият аст.
Дар рустои Ширговади ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз заврақи муњаррикдор ҳангоми убур аз дарёи Панҷ бар асари харобӣ ва идораи ғайрикасбӣ чаппагардон шуд. Дар натиҷа 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла як нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, як корманди Вазорати мудофиа ва як духтарчаи ноболиғи даҳсола ба ҳалокат расиданд.
Ба таваҷҷуҳи расонаҳои хабарие, ки ин рӯйдодро зарфи ду рӯзи охир пӯшиш доданд, мерасонем, ки дар ин заврақ ягон нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда набуданд.
Дар минтақаи ҳодиса қад-қади дарёи Панҷ наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сокинони русто, ҳамчунин аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ғарқшудагонро ҷустуҷӯ мекунанд.
Дар айни замон ҳамаи мақомоти салоҳиятдор барои аниқ кардани сабаби ин рӯйдоди фоҷеавӣ ба тафтиш оғоз кардаанд.