Масъалаҳои самароварии PR, шакли нави ироаи иттилоот, ки бар пояи додаҳои тасвирбардорӣ, истифодаи сервисҳои мултимедӣ, ҳамчунин баланд бардоштани зарфиятҳои кормандони хадамоти матбуотии идораҳои давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи муҳити атроф ва ширкатҳои миллии телевизионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як омӯзиши минтақавӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ин омӯзиш аз 10-ум то 11 июли соли равон дар соҳили Иссиқкӯл таҳти роҳбарии мураббиёни касбии хориҷӣ Иван Печишев (Русия) ва Дайнюс Адзявичис (Литва), ки таҷрибаи бойи амалӣ ва малакаҳо дар самти журналистика доранд, гузаронида шуд.
Дар омӯзишҳо 19 нафар намояндагони чор кишвари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд.
Ҳадафи омӯзиш додани фурсату имкон ба намояндагони хадамоти матбуотии идораҳои ҳолатҳои фавқулодда, муҳофизати муҳити зист ва ширкатҳои миллии телевизионии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти донишҳои нав ва маҳоратҳои аввалия оид ба кор дар медиаҳои нав ҷиҳати ироаи маълумоти босифат ва фаврӣ дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда, муҳити зист ва захираҳои табииӣ буд.
Дар омӯзишҳо аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори бахши матбуотии ниҳод Умеда Юсуфова ширкат кард.