Бар асари селе, ки аз қаламрави Афғонистон ворид шуд, дар як рустои ноҳияи Дарвоз 19 хонаро зери об кард. Дар улусволии Шикайи ноҳияи Дарвози Афғонистон ин сел 4 нафрро ҳалок кард, 7 тани дигар аз он захм бардоштанд
8 – уми июли соли 2017 дар рустои Хостав, ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз 19 хонаи истиқоматӣ зери об монд. Ҳудудан 800 метр роҳ дар 319 километраи шоҳрои Душанбе-Хоруғ низ зери об монд, ҳаракати мошинҳо ба ду самт мутаваққиф гардид.
Ин сели азим рӯзи 8-уми июл, соати 16:30 дақиқа бар асари борони шадид дар қаламрави ҳаммарз бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон омад.
Бо дастури Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми июл гуруҳи фаврӣ таҳти сарпарастии муовини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода ба ноҳияи Дарвоз арфт, то вазъро дар ҷояш арзёбӣ ва ба зарардидагон кӯмаки ҳамаҷониба расонад.
Ба муҷарради расидан ба маҳалли офат якҷо бо раиси ноҳия С.Абдураҳмонзода бо зарардидагон мулоқот доир шуд. Ҳамаи онҳо ба ҷойи амну бехатар интиқол дода шуданд ва дар айни замон бо ғизои гарм таъмин карда мешавад. Ситоди доимамалкунанда созмон дода шуд. Масъалаи кӯмакҳои аввалияи ба зарардигаон аз офат дар садади ҳал шудан аст.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба фаъолият оғоз кард. Баъди анҷоми кори Комисия миқдори зарари расида муайян ва эълон мешавад.
Ҳоло барои роҳандозии корҳои барқарорсозӣ, тоза кардани роҳи масдудшуда техники вижаи хадамоти техникии вазорати нақлиёт ҷалб карда шудааст. Корҳои тоза кардани садди зидди сел шуруъ шудаанд, корҳои соҳилбандӣ идома доранд.
Сели азим ҳарчанд хонаҳои мардумро зери об мононд, вале он талафоти ҷонӣ надошт.
Дар айни замон коҳиши тадриҷии сатҳи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ба мушоҳида мерасад. Қитъаи 300-метр роҳи мошингард ҳамоно зери об мемонад.
Маврид ба ёдоврист, ки Хостав яке аз рустоҳои калонтарин дар ноҳияи Дарвоз аст, ки бештар аз 80 хонавода дар он ҳаёт ба сар мебаранд. Ин русто 55 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир аст. Бино ба гуфтаи сокинон ин рӯйдод бист сол пеш ҳам рух дода буд. Соли 1990 сели азиме аз қаламрави Афғонистон омада ба ин деҳа зарар расонда буд.
Дар ҳамин ҳол аз ҳалокати 4 нафар ва захмӣ гаштани 7 нафар дар вулуволии Шикайи ноҳияи Дарвози Афғонистон, ки сели азим аз он ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудааст, хабар дода мешавад.
Расм аз “Озодӣ”