23 –уми июни соли 2017 дар Ситоди душанбегии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Ҷаласа чун анъана бо Гимни Тоҷикистон оғоз шуд ва сардори ситоди ёдшуда Р.Неъматов дар суханронии муқаддамотии худ ҳайати шахсиро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборбод кард.
Вай ҳамчунин зикр намуд, ки ин ҷашнвора рамзи ватандӯстӣ дар кишвар аст ва ҷашнест, ки ёде аз поёни як ҷанги таҳмилӣ мекунад, ки баъди он Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳама неруи худро барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди саноату кишоварзӣ, беҳдошт, маориф, таҳкими амният равона намуд.
Полковник Р. Неъматов ҳамчунин гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ як саҳифаи торику мудҳиши миллат дар оғози Истиқлолият буд ва хушбахтона бо ақлу заковати ҷонибҳо ва бахусус талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поён ёфт ва тӯли ин бист сол мамлакат аз суботи сиёсиву амниятӣ бархӯрдор аст.
Сарвари Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе таъкид кард, ки миллат он ҷангро фаромӯш намекунад ва ҳамин сабагори он мешавад, ки ба қадри суботу оромӣ расанд, Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Дар поёни ин ҷаласаи тантанавӣ маросими эътои мукофотҳо ба ҳайати шахсӣ баргузор шуд.