Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хостори таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ шуданд.
23-уми июни соли 2017 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо сарварии Директори шуъбаи назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва бехатарии саломатии ҷомеаи Бюрои минтақавии Аврупо, хонум Недред Эмироглу баргузор шуд.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба меҳмонон дар бораи чораҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ меандешад, ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт нақл кард.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт мавриди суҳбат қарор гирифтанд.
Хонум Эмироғлу барои пазироии гарм миннатдорӣ кард ва изҳори умед намуд, ки ҳамкориҳо миёни Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда таҳким меёбад.
Сарвари Кумита дар навбати худ таъкид намуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба сабабгори он хоҳад шуд, ки сатҳи имкониятҳои ду ниҳод дар пешгирӣ аз вазъи фавқулодда ва мубориза бо офатҳои табиӣ боло бурда шавад.