Боронҳои шадиди селосо, раъду барқ, вазиши шамоли пуршиддат бо суръати то 27 метр дар як сония баъзе манотиқи кишварро таҳдид мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 24 то 25-уми июни соли 2017 баъзе аз минтақаҳои кишварро зуҳуроти мураккаби метеорологӣ: боронҳои шадиди селосо, раъду барқ, вазиши шамоли пуршиддат бо суръати то 27 метр дар як сония интизор аст.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад:
- ҳангоми баромадан ба кӯча эҳтиёт кунанд;
- ҳангоми ҷобаҷо кардани мошин хеле ботаваҷҷуҳ бошанд;
- ҳангоми гузор аз кӯчаву хамгаштҳо аз зери хатҳои интиқоли барқ, симчӯбҳо, дарахтон, сутунҳои эълону реклом нагузаранд;
- ҳангоми истифода аз роҳҳои куҳӣ эҳтиёткор бошанд, чун хавфи омадани сел, ярч ва санрезиш таҳдид мекунад.
Дар ҳоли зарурат бо телефони: (+992)223-13-11 ва ё 112 муроҷиат намоед!
Аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем зиракиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша эҳтиёткор бошанд.