Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боло бурдани зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда – чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳимояи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва қаламрави кишвар аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ андешаи воҳид доштанд.
Имрӯз, 19 –уми июн таҳти раисии Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, ҳамчунин иштироки сарварони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи арзёбиҳои сареъ ва ҳамоҳангсозӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор шуд.
Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои тасдиқ намудани нақшаи захиравии байниидоравӣ дар нимсолаи дуюми соли 2017 оид ба методологияи арзёбии зарар ва эҳтиёҷот, шартҳои расонидани кӯмакҳои башарии байналмилалӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баррасӣ шуданд.
Дар рафти ҷаласа ширкаткунандагон бо системаи таъмини хадамоти фаврӣ оид ба харитаи Ягонаи рақами оперативии “112”, ҳамчунин таҳкими ояндаи Маркази иттилоотӣ-таҳлилии КҲФ шинос карда шуданд.
Зимни суханронии худ Раиси Кумита Рустам Назарзода аз ҷумла қайд кард: “Ҳамоҳангсозии амалҳои якҷоя дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мо имкон хоҳад дод роҳҳои баромад аз ҳолатҳои мураккабро пайдо кунем, донем, ки куҷо меравем, бо кадом суръат ва бо ҳам чӣ бояд кард, то ҳаракату талошҳо барои аҳолии зарардида аз ҳолатҳои фавқулодда муфидтару самараноктар бошанд”.
Ҳамчунин сарвари КҲФ ба ширкаткунандагони ҷаласа дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи аз аввали соли 2017 рухдода маълумот дод. Аз ҷумла вай қайд кард, ки зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон 34 офати табиӣ рух додааст.
Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боло бурдани зарфиятҳои КҲФ – чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳимояи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва қаламрави кишвар аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ андешаи воҳид доштанд.