Рӯзи гузашта бо мақсади пешгирӣ аз талафи ҳосил бар асари резиши жола дар қаламрави кишвар кормандони Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 мушак ба фазо партов карданд ва 13 минтақаи жоларезро безарар гардониданд.
Ин мушакҳои зиддижолаи навъи “Алазан” дар фазои боронии Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон партов шуданд.
Ин тадбир имкон дод, ки садҳо гектар заминҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ аз хатари жола эмин монанд.