Тамринҳои мудофиаи гражднӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи Нақша – чорабиниҳо оид ба мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ давраҳои омӯзишӣ идома доранд.

Бо ҳадафи ташаккул ва такмил додани малакаҳои рафтори бехатар дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ 29 апрели соли 2022 кормандони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва №8-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон оид ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, таҳия ва ташкили чорабиниҳо оид ба муҳофизат, эвакуатсияи хонандагон ва кормандон аз биноҳои мактабҳо ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин чорабиниҳо намояндагони мақомоти иҷроияи давлатии маҳаллӣ, директорони мактабҳо, омӯзгорони даосҳои ҳарбӣ, хонандагон, кормандони хадамоти сӯхторнишонӣ ва тиббӣ иштирок карданд.

Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сӯхтор, роҳҳои хомӯш кардани он, истифода аз воситаҳои ҳимояи шасхӣ ва расонидани ёриҳои аввалия ба зарардидагон тамрин карда шуданд.

Наҷотдиҳандагон роҳу шеваҳои наҷот ва ёриҳои аввалинро амалан нишон доданд, ки ин ба иштирокдорон таассуроти амиқ бахшид.

барчасп: