Кумакҳо ба кормандон ба муносибати Иди Фитр

Ғамхорӣ ба ниёзмандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти кишвар мебошад, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад. Амалҳои нек, шафқат ва хайрхоҳӣ, махсусан дар моҳи шарифи Рамазон арзишҳои суннатии фарҳанги бостонии мост.

Бо мақсади дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи оилаҳои камбизоат ва оилаҳои дорои кӯдакони маъюб, дар арафаи Иди саиди Фитр хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Чунончӣ, субҳи имрӯз муовини Раиси КҲФ полковник Имомалӣ Иброҳимзода дар толори маҷлис бо ҳайати кормандони хурди техникии гарнизони Душанбе ва як қатор кормандони КҲФ, ки кӯдакони маъюб доранд, мулоқот кард. Онҳоро ба муносибати Иди Саиди Фитр муборакбод кард ва ба ҳар кадом мукофоти пулӣ тақдим намуд.   

Ҳамчунин ба сарбозбонувони шӯрои бонувони Кумита шириниҳо тақдим карда шуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар қисмҳои ҳарбии Кумита чун анъана рӯзи ид дастурхони идона барои сарбозону афсарон ороста хоҳанд шуд.

 

барчасп: